Маслиҳатҳои муфид

Маслиҳатҳои муфид

ГИЁҲДАРМОНИИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМИ САРМО

 0

Охирҳои тирамоҳ ва аввали зимистон бемориҳои вобаста ба шамолхӯрӣ авҷ мегиранд. Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи онҳо аз гиёҳҳои шифобахш ва дигар воситаҳои табиии дастрасу арзон истифода бурдан муфид аст.

Муолиҷаи шамолхӯрӣ

— Як қошуқӣ барги хушки қоти сиёҳ (чёрная смородина) ва тамашк (малина) — ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 6 соат дам диҳед. Ҷӯшобаи мазкурро дар давоми рӯз 2-3 маротиба гармогарм истеъмол намоед.

— Настаран (хулул, хуч, шиповник) аз элементҳои зарурӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди каротин, оҳан ва кислотаи аскорбин бой буда, беҳтарин восита барои муолиҷаи шамолхӯрӣ ба ҳисоб меравад.

Ду қошуқ настаранро шабона дар чойникчае андохта, аз болояш якуним истакон оби гарм бирезед. Онро 12 соат дам диҳед (аз соати 7-и шаб то соати 7-и субҳ). Давои мазкурро ним истаконӣ рӯзе се маротиба, якбора пас аз ғизо истеъмол кунед.

— Як қошуқчаӣ пудина (мята), кокутӣ (душица) ва бобуна (ромашка)- ро дар як истакон оби ҷӯш 15 дақиқа дам диҳед. Ба он каме лиму, асал ё мураббо ҳамроҳ намуда, истеъмол кунед. Рӯзе се маротиба чунин доруи «зудтайёр» — ро истеъмол намудан ҷисми шуморо бо витаминҳои зарурӣ таъмин намуда, дар муолиҷаи шамолхӯрӣ кумак мекунад.

— Як қошуқӣ решаи коснӣ (чачараскул, цикорий) ва гиёҳи «думи шер» (пустырник) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш 2 истакон оби ҷӯш резед. Онро гарм печонида, 5-6 соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба ним истаконӣ аз ин даво нӯшидан масуният (иммунитет) — ро мустаҳкам менамояд.

— Як қошуқӣ пудина, нозбӯ (мелисса) ва барги тути заминӣ (земляника) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш ду истакон оби ҷӯш резед ва гарм печонида, 2 соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба ним истаконӣ (гармогарм) аз ин чой нӯшидан шамолхӯриро даво мебахшад.

— Як қошуқча шарбати сабр (алоэ) — ро бо як қошуқча асал якҷоя намуда, истеъмол намудан оқибатҳои ногувори шамолхӯриро рафъ месозад. Ба як истакон оби ширгарм як қошуқ асал ва пораи лиму (бо пӯсташ) — ро андохта, хуб омехта кунед ва дили бенаҳор истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа як ҳафта. Ин нӯшобаи хуштаъму гуворо масуниятро низ мустаҳкам мекунад.

Муолиҷаи ангина

— Ҳангоми тар шудани пойафзолу ҷӯроб ва ё нӯшидани нӯшобаи хунук якбора ангина (гулӯдард) хуруҷ мекунад. Барои муолиҷаи он як қошуқчаӣ гули хушки дарахти зерфун (намдор, липа), пудина, барги тамашк ва мармарак (шалфей) — ро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш бирезед. Баъди як соат дам додан як истаконӣ дар ҳар 2 соат аз он бинӯшед. Пеш аз нӯшидани ҳар як истакон як қошуқча асал ҳамроҳ намудан муфид аст. Ин нӯшобаи хушбӯ таби баландро низ таскин бахшида, масуниятро мустаҳкам мекунад.

— Як қошуқчаӣ бобуна ва мармаракро дар як истакон оби ҷӯш ним соат дам диҳед. Сипас бо ин ҷӯшоба гулӯро чайқонед.

-Ним қошуқ меваи бодиёни румӣ (розиёна, анис)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Сипас онро чоряки истакон (нисфи ним истакон) рӯзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.

— Як қошуқчаӣ решаи росан (девясил), пудина, гармалаф (череда), пупанак (пижма), гули дарахти зерфун (липа) ва настаранро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш бирезед. Давои мазкурро баъди ҳар ду соат як истаконӣ бо иловаи каме асал нӯши ҷон кунед.

— Донаи чормағз барин решаи каҳзак (хрен)- ро майда реза карда, аз болояш ним истакон оби ҷӯш андозед. Бист дақиқа онро дам дода, каме шакар ҳамроҳ намоед. Рӯзе якчанд маротиба як қошуқчаӣ аз ин даво истеъмол кунед. Давои мазкур барои рафъи гирифтагии овоз низ кумак мерасонад.

— Як пораи хурди решаи лух (аир) — ро дар даҳон 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, обашро фурӯ баред, дарди гулӯро таскин мебахшад.

-Чоряки қошуқча (нисфи ним қошуқ) намаки йоднокро дар ним истакон оби ширгарм ҳал карда, баъди ҳар 2 соат гулӯро чайқонед.

— Як қошуқ баргҳои гули садбаргро дар як чойникчае андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш резед. Ним соат дам дода, аз дока гузаронед ва рӯзе 3- 4 маротиба гулӯро чайқонед.

— Як қошуқчаӣ оби пиёзро рӯзе 4 маротиба истеъмол кардан барои рафъи дарди гулӯ давост.

— Чор қошуқча мармаракро ба 2 истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, рӯзе 3-4 маротиба гулӯро чайқонед.

Муолиҷаи сулфа

— Як қошуқ занҷабил (имбир)-и кӯфта, як қошуқча дорчин (корица) ва 4 дона қаранфули гардан (гвоздика) — ро ба чойникчае андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷӯш резед ва гарм пӯшонед. Баъди 20 дақиқа дам додан ба он каме асал ҳамроҳ намуда, нӯши ҷон кунед. Ҳар субҳ то пурра аз байн рафтани сулфа аз ин даво истифода намоед.

— Чор қошуқ настаранро ба термос андохта, аз болояш як литр оби ҷӯш резед. Баъди як соат дам додан, онро дар давоми рӯз бо илова кардани каме асал нӯши ҷон намоед.

— 250 грамм чойи сиёҳ, ду қошуқ пудина, ду қошуқ чойкаҳак (зверобой), як қошуқ сесанбар (чабрец) ва як қошуқ решаи нардсунбул (валерианка)- ро ба ҳам омехта карда, ба банкае андозед ва сарпӯши онро маҳкам намоед.

— Як қошуқча чойи мазкурро ба як истакон оби ҷӯш андохта, баъди 20 дақиқа дам додан давоми рӯз гармогарм бинӯшед. Дар як рӯз се маротиба ҳамин гуна чой дам карда, ба он каме асал ҳамроҳ намудан лозим аст.

— Як қошуқ сиркои себӣ (яблочный уксус) — ро ба як истакон оби гарм андохта, ба он як қошуқ асал ҳамроҳ кунед ва бинӯшед.

— Ба шӯрбо якчанд дона сир (чеснок) — ро реза карда, хӯрдан барои рафъи сулфа мусоидат мекунад.

— Чой аз решаи ширинбия барои муолиҷаи сулфа муфид аст.

Муолиҷаи захмҳо ва узвҳои сармозада

— Шарбати пихта (як навъи сӯзанбарг) хосияти баланди захмбандӣ дорад. Молидани шарбати тару тоза ва ё қиёми он, ки дар дорухонаҳо мавҷуд аст, шифоёбии захмро метезонад.

— Қиём ва ё нӯшобаи гули ҳамешабаҳор (календула) барои муолиҷаи захм ва узвҳои шамолхӯрда муфид аст. Бо ин мақсад 20 грамм гули ҳамешабаҳорро дар зарфи сирноке андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш резед ва 3 соат дам диҳед. Сипас латтаро ба он тар карда, ба захм ё узви аз сармо осебдида бимолед.

— Картошкаро аз турбтарошак гузаронида, ба ҷойи захм гузоштан, сиҳатёбии онро метезонад. Давои мазкур барои муолиҷаи узвҳои сӯхтагӣ низ кумак мерасонад.

— Молидани асал ба захмҳои дер сиҳатшаванда шифоёбии онро метезонад. Онро бо каме чойи ширгарм омехта, ба ҷойи захм молед ва рӯзе як қошуқчаӣ се маротиба асал истеъмол кунед.

— Молидани ҷӯшобаи тахач (полын) шифоёбии захмро тезонида, дарди мавзеи латхӯрдаро таскин мебахшад.

— Баргу пояи коснӣ (цикорий) — ро бо як истакон оби ҷӯш ҷӯшонида, баъди ширгарм шудан ба ҷойи захм молидан шифоёбии онро метезонад.

-Ҷӯшобаи барги олу (слива) захмҳои зардобдорро шифо мебахшад.

— Барги олуболу (олучабандак, вышня) бошад, хосияти хунманъкунӣ дорад.

— Ҳангоми сармо задани узвҳо ба он молидани шарбати чистотел муфид аст. Рӯзе 3-4 маротиба молидани шарбати гиёҳи мазкур бофтаҳои сармозадаро барқарор  мекунад.

Муҳаммадрасул ИБРОҲИМЗОДА,

табиби мардумӣ, деҳаи Истиқлоли

шаҳри Ваҳдат

ГИЁҲДАРМОНИИ ДИАБЕТ ВА БЕМОРИҲОИ ШУШ

Муолиҷаи диабети қанд

— Решаи мушхор (хори рафида, лопух) дорои равғанҳои эфирӣ ва чарбӣ, гликозидҳо, моддаҳои даббоғӣ, полисахароиди инсулин ва витаминҳо мебошад. Баргу решаи мушхорро хушк карда, кӯфта як қошуқи онро ба зарфи сирнок андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯш андохта, 25 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед.

Баъди каме хунук шудан онро аз дока гузаронед ва дар яхдон нигоҳ доред. Нӯшобаро рӯзе се маротиба як қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 30 рӯз.

— Илман асоснок шудааст, ки себарга (клевер) миқдори глюкозаро дар организм муътадил нигоҳ медорад. Ба чойникчае як қошуқча себаргаи хушки майдашударо андохта, аз болояш як истакон оби ҷӯшида резеду гарм пӯшонед. Баъди ним соат дам додан, рӯзе се маротиба аз ин даво истеъмол намоед. Муҳлати табобат як моҳ.

— Барои беҳтарсозии фаъолияти ғадуди зери меъда ва паст кардани меъёри қанди хун аз решаи росан (девясил) кумак мерасонад. Бо ин мақсд як қошуқ решаи росанро ба зарфе андохта, ним соат дар оби ҷӯш (водяная баня) гарм кунед. Онро аз дока гузаронида, ним истаконӣ рӯзе ду бор пеш аз ғизо истеъмол намоед.

— Барги зулф (подорожник) хосияти зиддиилтиҳобӣ, захмбандӣ ва барқароркунӣ дошта, барои бемориҳои пӯсти дар натиҷаи диабет баамаломада муфид аст. Инчунин барои хуб намудани фаъолияти узвҳои ҳозима кумак мерасонад. Ба ним литр об 3-4 қошуқ барги зулфи хушкро андохта, 30- 40 дақиқа дар оби ҷӯшон гарм намоед.  Сипас онро гирифта, баъди ширгарм шуданаш аз дока гузаронед. Ҷӯшобаро рӯзе се маротиба ним истаконӣ  баъди ғизо истеъмол кунед.

Инчунин ҳангоми шиддати беморӣ барои сабук кардани вазъи  бемор як қошуқча шарбати барги зулфро рӯзе се маротиба истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 2 ҳафта.

-Нозбӯ (мелисса) аз моддаҳои даббоғӣ, равғанҳои эфирдор, оҳан, калтсий ва ғайра бой буда, чойи он барои гирифторони диабети қанд муфид аст. Якчанд шохчаи тару тоза ё хушки нозбӯро ба термос андохта, аз болояш оби ҷӯш резед. Баъди ним соат дам хӯрдан онро мисли чой дар давоми рӯз истеъмол кунед. Муҳлати табобат 1 моҳ. Сипас, 2-3 ҳафта истироҳат намуда, боз як моҳ нӯшидани чойи нозбӯро идома диҳед.

— Қоқу (одуванчик) дорои минералу витаминҳои гуногун, оҳан, фосфор, йод, калтсий ва алкалоидҳо мебошад. Дар барги он инулин ном моддаест, ки дар соҳаи дорусозӣ барои истеҳсоли маводи ивазкунандаи қанд истифода мешавад. Барги тару тозаи қоқуро шуста, онро хуб бихоед ва обашро фурӯ баред.

Баргу гули қоқуро ба зарфе андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резед. Ним соат дам дода, гармогарм дар давоми рӯз нӯши ҷон кунед. Барои беморони узвҳои ҳозима истеъмоли қоқу тавсия дода намешавад.

-Чор қошуқ решаи газна (крапива)- ро дар як литр об ним соат ҷӯшонед ва онро дар давоми рӯз мисли чой бинӯшед.

— Топинамбур (ноки заминӣ, земляная груша) ғизои хуби парҳезӣ барои беморони диабети қанд аст.

— Истеъмоли бодиринг, қаламфури булғории сабз, помидор, карам, сабзӣ, лӯбиёи тарак, шарбати лаблабу (10 милилитр, як қошуқ) бо иловаи як қошуқ об низ муфид мебошад.

— Нӯшидани чойи коснӣ (цикорий) ба ҷои қаҳва хеле муфид аст. Як- ду қошуқча хокаи решаи косниро ба як истакон об андохта, 30 дақиқа дам диҳед.

Муолиҷаи бемориҳои шуш

— Решаи ширинбия (солодка) барои тоза кардани шуш аз балғам кумак мерасонад. 10 грамм решаи ширинбияро дар як истакон об 15 дақиқа ҷӯшонед. Сипас онро якқошуқӣ ним соат пеш аз ғизо рӯзе се маротиба истеъмол кунед.

— Се қошуқ баргу гули себарга (клевер)- ро дар ним литр оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба се қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед.

— Се қошуқ чойкаҳак (зверобой)- ро дар якуним истакон оби ҷӯш каме ҷӯшонида се соат дам диҳед. Рӯзе ним истакон се маротиба пеш аз ғизо онро истеъмол намоед.

-Бӯимодарон (тысячелистник) хосияти зиддиилтиҳобӣ ва захмбандӣ дорад. Барои беморони сили шуш беҳтарин давост. Бо ин мақсад бӯимодарони тару тозаро аз гӯштқимакунак гузаронида, рӯзе се маротиба як қошуқӣ шарбати онро 20 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол бикунед.

— Решаи гули хайрӣ (алтей лекарственный) барои балғамронӣ ва тозакунии шуш муфид буда, аз он доруи «мукалтин» тайёр карда мешавад. Ду қошуқ решаи майдакардаи гули хайриро дар як истакон об ҷӯшонда, рӯзе 3-4 маротиба як қошуқӣ баъди ғизо истеъмол намоед. Даворо дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, метавонед то 2 шабонарӯз онро истифода баред.

-Як қошуқча тухми анисун (бодиёни румӣ, розиёна, анис обыкновенный)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, 20 дақиқа дам диҳед. Чоряки истакон аз ин даворо рӯзе 4 маротиба ним соат пеш аз хӯрок як қошуқӣ истеъмол кунед.

— Ду қошуқ кокутӣ (душица)- ро ба як истакон оби ҷӯш андохта, гарм нигоҳ доред ва ним соат дам диҳед. Рӯзе 2 бор ним истаконӣ 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед.

-Як қошуқ гиёҳи хушки сапали шутур (мать и мачеха)- ро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат гарм  печонед. Рӯзе 2 маротиба ним истаконӣ як соат пеш аз ғизо истеъмол кунед.

-Як қошуқ барги зулфи хушкро дар як истакон оби ҷӯш ним соат гарм печонида дам диҳед. Рӯзе се маротиба сеяки истакон 10- 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед.

-Як қошуқ росан (девясил)- ро дар як истакон оби ҷӯш ним соат дам дода, сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 3 ҳафта.

-Як қошуқ пудина (мята)-ро дар як истакон оби ҷӯш ним соат гарм печонида дам диҳед. Сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба 10 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 2-3 ҳафта.

— Истеъмоли чойи гарми занҷабил (имбир) низ барои тоза кардани шуш ва нобуд кардани бактерияҳо муфид аст.

— Мармарак (шалфей) низ аз сабаби дар таркибаш мавҷуд будани равғанҳои эфир, қатрон ва моддаҳои даббоғӣ дар тоза кардани шуш муфид мебошад. Юнониҳо мақоле доранд: «То даме, ки дар ҳавлият мармарак мерӯяд, солимӣ». Як қошуқ мармаракро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сеяки истаконӣ рӯзе се маротиба 20 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед.

Муҳлати  муолиҷа 2-3 ҳафта.

— Чойи дӯлона бо пудина низ дар тозакунии шуш манфиатбахш аст.

-Испанок (шпинат), кашниз (кинза), карафс (селдерей), лаблабу, каду, қаламфури булғорӣ, зардолуқоқ, хурмо, чормағз, асал, лӯбиёи чинӣ (соя) наск, ҷуворӣ ва меваҳои ситрусӣ аз антиоксидантҳо бой буда, шушро солим нигоҳ медоранд.

Таваҷҷуҳ: Дар ҳама ҳолат, пеш аз истеъмоли давоҳои набототӣ беҳтараш бо табибе, ки зери назораташ ҳастед, маслиҳат кунед.

                      Фароҳамсоз НАҶМИДДИНЗОДА

ГИЁҲДАРМОНИИ ПСОРИАЗ ВА ИНСУЛТ

Муолиҷаи псориаз

— Бобуна (ромашка) яке аз беҳтарин воситаҳои табобат барои муолиҷаи псориаз ба шумор меравад. Онро ҳамчун чой, барои шустани доғҳои псориаз ва нишастан дар ванна метавон истифода бурд. Бобуна хосияти таскиндиҳии дард,  оромкунӣ ва антисептикӣ дорад.

Дар чойникчае як қошуқ гули хушку  майдакардаи бобунаро андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷӯш резед ва бо ду қабат сачоқ гарм печонед. Баъди ним соат дам додан ним пиёлаашро гирифта, бо пахта, доғҳои псориазро намнок кунед. Ин амалро рӯзе 3-4  бор такрор намоед. Ба занони ҳомиладор ва кӯдаки ширмакдошта бобуна тавсия дода намешавад.

— Мармарак (шалфей) хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, ҳамчун  антибиотики табиӣ микрорганизмҳои зарарнокро нобуд месозад.

Як қошуқча мармаракро дар як истакон оби ҷӯш андохта, гарм пӯшонед ва ним соат дам диҳед. Сипас пахтаро ба ин даво тар карда, ба доғҳои псориаз гузоред. Давои  боқимондаро дар ҷои салқин нигоҳ доред. Ин амалро рӯзе 3-4 бор анҷом диҳед.

Истифодаи мармарак барои заноне, ки миомаи бачадон ё эндометриоз доранд, тавсия дода намешавад.

— Мушхор (хори рафида, лопухт обыкновенный) моддаҳои даббоғии зиёд дорад. Инчунин мушхор манбаи бойи витаминҳо, микроэлементҳо, кислотаҳои чарбӣ ва пайвастагиҳои минералӣ мебошад.

Ҷӯшобаи решаи мушхорро дар об ҷӯшонида, ба оби ширгарми ванна ҳамроҳ карда, 15 дақиқа дар он биншинед. Сипас аз ванна бархоста, каме рост истед, то баданатон хушк шавад. Бо сачоқ баданро пок накунед. Ин амалро рӯздармиён (дар ду рӯз як бор) иҷро намоед.

— Гиёҳи сабадӣ (каллизия душистая, золотой ус) дар гулдонҳои аксар ҳамватанонамон мерӯяд. Он хосияти қавии зидди бактериалӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои пӯст муфид аст. Асабро ором намуда, нишонаҳои афсурдаҳолӣ (депрессия)- ро рафъ месозад.

Як қошуқ баргу  пояи хушки онро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас пахтаро тар намуда, ба ҷойҳои осебдида гузоред. Ин амалро рӯзе 3-4 бор такрор намоед. Гиёҳи сабадӣ раванди барқароршавии пӯстро метезонад.

— Момирон (чистотел)- ро барои муолиҷаи бемориҳои пӯст фаровон истифода мебаранд. Як қошуқча барги хушки  момиронро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас докаро дар ин об тар карда, ба ҷойҳои осебдида 10- 15 дақиқа гузоред. Чунин ҷӯшобаро дар ҳаҷми зиёдтар тайёр карда, ба ванна рехта, дар он то 15 дақиқа нишастан ҳам фоида мерасонад. Ин гиёҳ хосияти поккунанда, безараркунанда ва зиддиилтиҳобӣ дорад.

— Сабр (алоэ) аз аминокислотаҳо ва витаминҳои гуногун бой аст. Ин гиёҳ масуният (иммунитет)- ро қавӣ намуда, ҳолати гармонҳоро дар организм муътадил мегардонад. Онро занони ҳомила ва кӯдаки ширмакдошта истифода  набаранд. Докаро ба шираи барги сабз тар намуда, 15 дақиқа ба ҷойи захми псориаз гузоред. Ин амалро ҳамарӯза давоми 21 рӯз анҷом диҳед.  7 рӯзи аввал рӯзе як маротиба, ҳафтаи дуюм рӯздармиён ва ҳафтаи сеюм дар чор рӯз як маротиба аз ин даво истифода баред.

— Барги газна (алафи газанда, крапива) миқдори зиёди  протеини табиӣ ва ғози набототӣ дошта, барои бемориҳои пӯст муфид аст.

Як қошуқ барги газнаро дар як истакон оби ҷӯш андохта, ду соат дам диҳед. Сипас докаро ба он тар карда, ба ҷойҳои осебдида гузоред.

-Дар таркиби розак (хмель) ба миқдори зиёд пайвастагиҳои эфирдор, флавоноидҳо, каротин, гликозид ва флавоноидҳо  мавҷуданд. Аз он барои беморони дилу раг ва гурда дору тайёр мекунанд.

Ҷалғӯзаҳои розакро ба зарфи сирнок (эмалӣ) андохта, аз болояш оби ҷӯш резед ва дар оташи паст 15- 20 дақиқа ҷӯшонед. Сипас гирифта, ҳангоми ширгарм шуданаш бо пахта ё дока ба ҷойҳои осебдида гузоред.

— Ваннаро бо оби ширгарм пур карда, 50 миллилитр (чоряки истакон) қиёми  нардсунбул (настойка валерианка) ва 2 қошуқ қиёми ҷалғӯза (хвойный экстракт) бирезед. Дар он 15 дақиқа нишинед. Ин муолиҷаро ҳафтае 2 бор анҷом диҳед.

Дар маҷмӯъ 5 ҳафта (10 ванна) бо ин усул муолиҷа намоед.

-20 грамм решаи чукриро ба чойнике андохта, аз болояш ним литр об резед. Баъди як соат дам додан пахта ё докаро дар он тар карда, ба рӯйи захмҳо гузоред. Ашхоси гирифтори бемориҳои гурда, талха ва ниқрис (подагра) аз ин даво истифода набаранд.

Муолиҷаи инсулт

Сактаи мағзӣ (инсулт) вайроншавии ҷараёни гардиши хун дар мағзи сар аст, ки дар натиҷаи он рагҳои мағзи сар эҳсоси норасоии оксиген мекунанд.

-Панҷ дона ҷалғӯзаи сӯзанбаргро ба зарфи сирнок андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резед ва 5 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед. Сипас онро баъди хунук шудан аз дока  гузаронида, рӯзе чоряки истакон се маротиба пеш аз ғизо истеъмол намоед.

— Се қошуқ настаран (хулул, хуч, шиповник)- ро дар як чойникча бо се истакон оби ҷӯш андохта,  гарм ҷӯшонед ва ним соат дам диҳед. Рӯзе се маротиба як қошуқӣ аз ин чой истеъмол намоед. Чойи настаран рагҳои хунгарди сарро  мустаҳкам намуда, гардиши хун ва ғизогирии нейронҳоро беҳтар месозад. Барои фишорбаландон низ нӯшидани чойи настаран фоида мерасонад.

-Барои гирифторони сактаи мағзӣ, ки дуруст сухан гуфта наметавонанд, чойи мармарак (шалфей) ёрӣ мерасонад. Бо ин мақсад як қошуқ барги мармаракро бо як истакон оби ҷӯш ба зарфи сирнок рехта, дар оташи паст каме (ду дақиқа) меҷӯшонанд. Баъди ним соат дам додан  як қошуқӣ рӯзе се бор ба бемор медиҳанд.

— Даҳ қошуқ гиёҳи сесанбар (чабрец)- ро ба бонкае андохта, аз болояш ним литр спирт резед. Баъди 14 рӯз дам додан бо он қисмати фалаҷшудаи шахси дучори сактаи мағзӣ (инсулт)- шударо масҳ намоед.

— Қиёми сарви кӯҳӣ (можжевельник) барои фалаҷи дар натиҷаи сактаи мағзӣ рӯйдода муфид аст. Бо ин мақсад 3-4 ҷалғӯзаи сарви кӯҳиро дар зарфи сирнок андохта, аз болояш  ним литр оби ҷӯш резед ва 20- 30 дақиқа дар отшаи паст ҷӯшонед. Ҷӯшобаро ба термос андохта, 3-4  соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, бо он қисмати фалаҷшудаи баданро масҳ намоед.

-Як кило лимуро якҷоя бо пӯсташ реза намуда, аз гӯштқимакунак гузаронеду ба он як истакон асал ҳамроҳ намоед ва хуб омехта кунед. Бонкаро дар яхдон гузошта, ҳар саҳар баъди наҳорӣ як қошуқчаӣ ба бемор диҳед. Давои мазкур гардиши хунро дар мағзи сар беҳтар намуда, деворҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам ва табодули моддаҳоро дар  бофтаҳои асаб беҳтар мегардонад.

-Ним килоӣ лиму ва афлесунро реза карда, бо пӯсташон аз гӯштқимакунак гузаронед. Ба он як истакон асал, як пиёлаӣ мағзи чормағз, мавиз ва  зардолуқоқи бе дона) ҳамроҳ намуда, даҳони зарфро маҳкам карда, ба  яхдон гузоред. Аз ин даво рӯзе се маротиба ним соат баъди ғизо истеъмол кунед.

Пеш аз тайёр намудани тамоми давоҳои зикршуда бо табиби  муолиҷакунанда маслиҳат намоед.

Фароҳамсоз С. Наҷмиддинзода

Сиёҳдона (чёрний тмин)

от user

в Гиёҳдармонӣ

 0

Сиёҳдона

Хусусиятҳои шифобахшии сиёҳдона бештар аз 3000 сол аст, ки дар Шарқ маълум аст. Сиёҳдона дар забонҳои гуногун бо номҳои «чёрний тмин» (русӣ), «блэк сид», «блек сюмин»(англисӣ), «ниелле»(франсузӣ, немисӣ), «мелансион»(греч.), «шониз», «сияҳдона» (форсӣ), «кетзач», «кетям»(хебру), «калаунджи»(ҳиндӣ ва урду), «кришн джирак»(sans), «калиджра»(бенг), «калаонджи джирам»(гуджратӣ), «ниладжиракира»(тел.), «калиджакра»(мар.), «карунджи ригам»(тамил.), «карун чирагам»(мал.), «блек ка-равей сид», «ҳаббат-ул-барака», «ҳаббат-ус-савдо», «шониз»(арабӣ) машҳур мебошад.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби равғани сиёҳдона зиёда аз 100 намуди моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо ҳанўз ҳам таҳқиқ карда нашудаанд. Тухми сиёҳдона дорои чунин равғанҳои кислотагӣ: Myristic(0,5%) Palmistic(13,7%) Palmitolec(0,1%) Stearic(2,6%) Oleic(13,7%) Linoleic[Omega-6] (57,9%) Linoleic[Omega-3] (0,2%) Arachidic(13%) ва моддаҳои ғизоии монанди сафеда, калтсий, оҳан, мис, руҳ, фосфор, thiamm riboflvin pyndoxine niacin folacin мебошад. Барои мустаҳкам намудани бадан нўшидани як қошуқча равғани сиёҳдона пас аз истеъмоли хўрок тавсия мешавад.(дар як шабонарўз аз як қошуқча зиёд истеъмол намудан мумкин нест.) Бисёриҳо мепурсанд, ки истеъмоли равғани сиёҳдона фоиданоктар аст ё тухми он? Ҳар ду ҳам муфид ҳастанд. Ҳангоми харидорӣ кардани равғани сиёҳдона аҳамият диҳед, ки дар тамғакоғази он чунин навишта шуда бошад: 100% gold-pressed; Solvent free. Ҳамчунин бояд дорои лифофаи фабрикӣ бошад.

Нусхаҳои (ретсептҳои) истифодаи сиёҳдона ва равғани сиёҳдона

Зиққи нафас, сулфа, варами шуш

  •  Саҳарӣ ва бегоҳӣ як қошуқча равғани сиёҳдонаро бинўшед.
  •  Ба ҷои дардманди бадан равғани сиёҳдона бимолед.
  •  Молиш(массаж) намудани қафаси сина ва пушт бо равғани сиёҳдона.
  •  Ингалятсия (як қошуқча дар як литр об)
  •  Молиш додани қафаси сина бо равғани сиёҳдона, ки бо равғани зайтун омехта карда шудааст (дар андозаи 1: 5)
  •  Нафас гирифтан аз буғи равғани сиёҳдона, ҳамчунин чоряк қошуқчаи онро зери забон нигоҳ доштан низ тавсия дода мешавад.

Диарея

Як қошуқ равғани сиёҳдонаро бо як пиёла ҷурғот омехта карда, маҳлули тайёршударо давоми 3 рўз дуборӣ истеъмол намоянд.

Дарди сар

  • Як қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намуда, ҷои дардманди сар ва қисмати пеши онро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд. (Аз истеъмоли шириниҳо парҳез намоянд).
  • Як қошуқ сиёҳдонаи куфташуда, як қошуқ тухми куфташудаи анис (anise seed), як қошуқ куфтаи мехчагулро омехта карда, пеш аз тановули хўрок як қошуқча истеъмол намоянд. Ин омехтаро то замоне дар даҳон бояд нигоҳ дошт, ки фурў бурдани он осон шавад. Бо об истеъмол намудан мумкин нест.
  • Ҳар рўз 2-3 маротиба 1,5 қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд.

Тарбод

  • 5 пораи пиёзро бо дили наҳор хўрда, пас аз як соат як пиёла доринҷии дар об ҷўшондаро бо изофа кардани 5 қатра равғани сиёҳдона бинўшанд.
  • Каме сиёҳдонаро дарп равғани зайтун гарм карда ба ҷойҳои дардманди бадан бимолед.
  • Ҳамчунин пеш аз хоб оби сиёдонаи ҷўшонидашударо бо асал омехта намуда бинўшанд.

Бемориҳои пўст

  • Як миқдор равғани сиёҳдонаро бо гулоб ва орди сиёҳ омехта кунед. Ҷойи дардманд(осебдида)-ро бо матоъи дар сирко тар кардашуда пок намоед. Хамири тайёрнамудаатонро дар болои пўст гузошта кўшиш намоед то гармии офтоб ба шумо бирасад.
  • Ҳар рўз 2-3 маротиба як қошуқча равғани сиёҳдонаро истеъмол намоед.
  • 3) Як қшошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ равғани зайтун омехта карда ба рўй бимолед. Пас акз як соат бо оби гарм ва собун онро бишўед.

Чарх задани сар

  • Як қошуқ равғани сиёҳдонаро бо чой ҳамроҳ намуда бинўшед.
  • Бо равғани сиёҳдона паси гардан ва зери манаҳро молиш диҳанд. Ҳар рўз як қошуқ равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд.

Дарди гўш

Як қатра равғани сиёҳдонаро дар гўш бичаконанд гўшро тоза намуда, аз дард раҳо мекунад.

Ҳангоми тааллуд

Яке аз воситаҳои беҳтарини сабук намудани дард ҳангоми таваллуд ин равғани сиёҳдонаро бо асал гарм карда нўшидан аст.

Ҳангоми сўзиши дил

Чанд қатра равғани сиёҳдона ва як қошуқча асалро дар як пиёла шири гарм андохта гармогарм бинўшанд. Ҳамчунин бисёр хўрдани салатҳо тавсия карда мешавад.

Фишори баланди хун

  • Як қошуқ сиёҳдонаи куфташударо дар нўшокии гарм омехта карда, бо ду пора сирпиёз ҳар рўз пеш аз наҳорӣ истеъмол намоянд.
  • Сиёҳдонаро дар нўшокии гарм омехта карда бинўшанд ва бо равғани сиёҳдона баданро молиш диҳанд.

Дарди қафаси сина

Дар оби ҷўшон як қошуқ сиёҳдонаро андохта аз буғи он нафас бигиред. Пеш аз хоб бошад саратонро пўшонед.

Дарди чашм

  • Саҳарӣ ва бегоҳӣ пеш аз хоб чанд қатра равғани сиёҳдонаро ба чашм бичаконанд ва пас аз ин як қошуқи онро бо асал бихўранд.
  • Пеш аз хоб равғани сиёҳдонаро дар гирди чашмҳо бимоланд ва нўшокии гарми бо як чанд қатра равғани сиёҳдона омехташударо бинўшанд.

Захми меъда

  • Як қошуқча сиёҳдонаро бо як қошуқ зағири дар як пиёла об таркардашуда андохта 2 дақиқа ҷўшонанд. Пас аз хунук шудан ҳар рўз саҳарӣ ва бегоҳӣ як пиёлагӣ бинўшанд. (Истеъмоли шириниҳо ва меваҳоиситрусӣ тавсия карда намешавад.)
  • 10 қатра равғани исёҳдонаро бо як пиёла асал омехта кунед. Аз маҳлули тайёршуда як қошуқ ҳар саҳарӣ бо дили наҳор бихўред. Сипас як пиёла шир бинўшед. Ин амалро 2 моҳ бе танаффус давом диҳед.

Саратон

Ҳар рўз 2-3 бор равғани исёҳдонаро ба ҷои захм бимоланд ва аз нўшобае, ки аз як қошуқча равғани сиёҳдона ва як пиёла афшураи (сок) тозаи сабзӣ иборат аст бинўшанд. Ин нўшобаро давоми 3 моҳ истеъмол намоянд.

Коҳилӣ

10 қатра равғани сиёҳдонаро бо як пиёла афшураи афлесун омехта карда, нўшобаи тайёршударо давоми даҳ рўз баъди аз хоб бедор шудан бинўшанд. (баъди намози бомдод хоб кардан лозим нест).

Барои қавӣ гардидани ҳофиза

  • 7 қатра равғани сиёҳдонаро бо обҷўши пўдина илова намуда, бо асал ширин намуда ҳар рўз як маротиба гармогарм бо дили наҳор бинўшанд.
  • Пўдинаро дар об андохта ҷўшонед ва бо асалу 7 қатра равғани сиёҳдона омехта карда гармогарм бинўшед. Вақти табобат аз нўшидани чой ва қаҳва бояд худдорӣ намуд.

Бемории қанд

  • Як пиёла сиёҳдона, як пиёла чилликгул, ним пиёла пўсти анорро кўфта, хуб омехта намуда як қошуқи бо дили наҳор истеъмол намоянд. (ин маҳсулот дар ҷойи салқин нигоҳ дошта шавад).
  • Як пиёла сиёҳдона, як пиёла чилликгул, 1,5 пиёла пўсти анорро кўфта хуб омехта намоянд. Дар давоми як моҳ, қабл аз наҳорӣ як қошуқча аз ин куфтаҳо ва як қошуқча равғани сиёҳдона истеъмол намоянд.

Дарди гўш

Як пораи сирпиёзи тозаро 3 рўз дар 28, 35 грам (як унции) равғани сиёҳдона тар карда аз маҳлули тайёргардида як чанд қатра дар гўш бичаконанд ва атрофии гўшро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.

Бемориҳои чашм

  • Пеш аз хоб бо равғани сиёҳдона пилки чашм чаккаи сарро молиш дода 7 қатра равғани исёҳдонаро бо нўшокии гарм махсусан бо афшураи сабзӣ бинўшанд.
  • Як қошуқ сиёҳдонародар 8 унтсия (226, 80 грам) об ҷўшонида 10 дақиқа гузоранд то хунук шавад. Сипас аз элак гузаронида полонанд. 2 докаи пахтагиро дар ин маҳлули тайёршуда тар карда, ба муддати 10 дақиқа дар болои чашмҳо гузоранд.
  • Пеш аз хоб чаккаҳои сарро бо равгғани сиёҳдона молиш диҳанд.

Бехобӣ

Як қошуқча равғани сиёҳдонаро боа сал ё чой омехта карда пеш аз хўроки шом бинўшанд.

Дилбеҳузурӣ

Як қошуқча кўфтаи сиёҳдонаро дар ҷўшондаи ҷавҳари наъно омехта карда ҳар рўз се маротиба истеъмол намоянд.

Дарди дандон

  • Омехтаи равггани сиёҳдона ва сиркои себро ба дандонҳо бимоланд.
  • Сиёҳдонаи куфташударо бо равғани зайтун омехта карда то шира гирифтанаш кофта ба дандони дардманд бимоланд.
  • 8 унтсия(226, 80 грам) сиркои себиро бо ду қошуқ куфтаи сиёҳдона ҷўшонда биполанд. Маҳлули тайёршударо як чанд рўз ба дандонҳо бимоланд.
  • Ҷои дардманди дандонро бо як ду қатра равғани сиёҳдона пок намоянд.

Боди зиёд дар шикам(дамиш)

  • Тухми куфташудаи сиёҳдона, шибити ширин(ground fennel) ва пудинаро ба миқдори баробар гирифта аз он чой дам кунанд. Ба он 3-7 қатра равғани сиёҳдона илова намуда, бо асал ширин намуда бинўшанд.
  • Бо сиркои себӣ ва равғани сиёҳдона дар болои шикам тарбандӣ (компресс) кунанд.

Варами ғадуди бодомшакли гулў

10 грам тухми сиёҳдонаро дар 1,5 литр об ҷўшонда биполанд. Ҳар рўз 2 бор бо ин маҳлул гулўро бичайқонанд.

Санги талха ва гурда

Истеъмоли тухми куфташудаи сиёҳдонаи бо асал омехташуда, барои дурр намудани санги талха ва гурда кумак мерасонад.

Варами димоғ(бинӣ)

  • Як қошуқ сиёҳдонаро дар як пиёла оби ҷўшон андохта бўғи онро нафас гиранд.
  • Аз берун биниро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.
  • Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо ним пиёла об ва як қошуқ асал омехта карда, 15 дақиқа пеш аз хўроки пагоҳӣ ва шом и истеъмол намоянд.

Шукуфа

  • Ҷойи зарардидаро бо равғани сиёҳдона молиш бидиҳанд.
  • Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо ним пиёла об ва як қошуқ асали тоза омехта карда, 15 дақиқа пеш аз хўроки пагоҳӣ ва шом истеъмол намоянд.

Ҳассосият (аллергия)

  • Барои покии рўй, ҳассосият, бемориҳои пўст ва варами давомнок бояд ҳар рўз 1-2 капсул ё 20 -25 қатра равғани сиёҳдона истеъмол намоянд.
  • Як қошуқча равғани сиёҳдонаро саҳарӣ ва бегоҳӣ истеъмол намуда, ҷойи дардмандро бо равғани сиёҳдона молиш диҳанд.

Табобати мўй

Як қошуқ тухми сиёҳдона, афшураи рукола, сиркои себ ва 100 милилитр равғани зайтун. Сиёҳдонаро бо афшураи рукола омехта карда 10 дақиқа нигоҳ доранд. Сипас сиркои себ ва равғани зайтунро илова намуда, омехта намоянд. Маҳлулро дар зарфи шишагӣ нигоҳ доранд. 1-3 қошуқи ин маҳлулро ба мўйи сар бимоланд. Пас аз 20 дақиқа мўйи сарро ба таври муқаррарӣ бишўянд.

Бемории роҳҳои хунгард

Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқ асал ва як пора сирпиёз омехта карда, бо дили наҳор давоми 5 рўз истеъмол намоянд. Ҳамчунин доимо истеъмол намудани 5 қатра равғани сиёҳдона бо як пиёла сесанбар ё пудина мумкин аст.

Дарди талха

Равғани сиёҳдонаро истеъмол намоянд. Дар ҳолати дарди ҷигар низ метавонанд равғани сиёҳдонаро истифода намоянд.

Устухондард

Пиёзро ҷўшонида бо равғани сиёҳдона омехта карда, ҳар рўз 2 маротиба истеъмол намоянд. Ҳамзамон ҷои дардмандро бо равғани сиёҳдона ва равғани пўдина молиш диҳанд.

Бод гирифтани сипурз

Шалғамчаи сурхро ҷўшонида бо асал ширин намуда, 7 қатра равғани сиёҳдона илова намоянд. Аз ин маҳлул 1 пиёла бо дили наҳор ва қабл аз хоб давоми як ҳафта бинўшанд.

Бемориҳои дандон ва милки он

Куфтаи сиёҳдонаро хуб пазонда дар дохили себ ҷой кунандва чун сақич истифода намоянд.

Варами ҷигар

5 қатра равғани сиёҳдонаро дар як пиёла оби ҷўшондаи барги бед илова карда, давоми як ҳафта бинўшанд.

Варами сипурз

Шибитро дар об ҷўшонида, дар як пиёлаи он 5 қатра равғани сиёҳдона илова намудадавоми як ҳафта бинўшанд. Инчунин истифода бурдани барги бед мумкин аст.

Рехтани мўй

Саҳарӣ ва бегоҳӣ як қошуқча равғани сиёҳдона истеъмол намуда, сарро бо равғани сиёҳдона ва равғани зайтун ҳар ду баробар (1:1) дар як ҳафта 3 маротиба молиш диҳанд. То муддати 10 дақиқа маҳлулро нашўянд. Сипас сарро бо собун бишўянд.

Заъфи сипурз

Як қошуқ мураббои анҷирӣ ва як қошуқ асалро дар як пиёла оби ҷўшонидашуда омехта карда, 7 қатра равғани сиёҳдона илова намуда, давоми 5 рўз саҳарӣ ва бегоҳӣ истеъмол намоянд.

Бавосир

Омехтаи баробари (1:1) равғнаи сиёҳдона ва равғани зайтунро ҳар рўз 3 маротиба як қошуқи давоми даҳ рўз истеъмол намоянд. Ҷои дардмандро бо равғани сиёҳдна молиш диҳаннд.

Тангшавии қапқоқи дил

Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқи калони асал омехта карда, бо як пиёла чойи гарм бо дили наҳор ё пеш аз хоб бинўшанд.

Латхўрӣ

Як қошуқча равғани сиёҳдонаро бо як қошуқи калони асал омехта карда, бо як пиёлачойи гарм бо дили наҳор ё пеш аз хоб бинўшанд. Ҳазамон ҷойи латхўрдаро бо равғани сиёҳдона ҳар рўз 3 маротиба молиш диҳанд.

Ҳангоми маҳкам шудани гўшҳо

Пахтаро дар равғани сиёҳдона тар карда, дар гўшҳо биниҳед ва то як соат онро нагиред. Натиҷаашро хоҳед дид.

Ҳангоми зуком

Пахтаи дар равғани тозаи сиёҳдона таршударо 5- 20 дақиқа дар сурохии бинӣ гузоред. Дарҳол сабукиро эҳсос хоҳед кард. Ҳангоми зукоми шадид ин амалро такрор намудан мумкин аст.

Аҳамияти чой аз сиёҳдона

Дар тибби мардумӣ чойи сиёҳдонаро барои дамиши шикам, дарунравӣ, пешобронӣ, резондани кирмҳои рўдава ғайра истифода мебаранд. Ҳамчунин ба модарони камшир нўшидани чойи сиёҳдона тавсия карда мешавад.

Тарзи тайёр намудани чой аз сиёҳдона

Дар 50 мл. оби ҷўшонидашуда як қошуқча тухми сиёҳдонаи куфташуда андохта 10 дақиқа гузошта мешавад. Сипас онро полонда ҳар рўз 2 маротиба як пиёлагӣ бинўшанд.

Чой ҳангоми зуком ва шамолхўрӣ

Як қошуқ куфтаи тухми сиёҳдона, як қошуқча решаи ширинбия ва гули бобуна, ним қошуқча тухми бодиён ҳамаи ингҳоро дар як пиёлаи калон омехта карда, аз болояш оби ҷўшомада рехта 10 дақа гузошта мешавад. Сипас онро полонда мувофиқи табъ ширин карда бинўшанд. (Аз асал истифода намудан мумкин аст).

Таваҷҷўҳ!

Ба занҳои ҳомиладор ва бемороне, ки узвҳои баданашон (ҷигар, гурда, дил) иваз (трансплантатсия) шудааст, истеъмоли сиёҳдона иҷозат дода намешавад, зеро сиёҳдона қувваи худмуҳофизатии баданро пурзўр мекунад, ки ин метавонад боиси аз фаъолият мондани ин аъзо гардад.

Гиёҳдармонии бемориҳои ҷигар ва талхадон

от user

в ГиёҳдармонӣПешгирии бемориҳо

 0

МУОЛИҶАИ ГЕПАТИТИ В ВА С

Бемороне, ки гирифтори Гепатити В ва С мебошанд, бояд дар беморхона муолиҷа кунанд ва ба сифати васоити кўмакрасон чанд нусхаро пешкаш менамоям.

— Оби сабзӣ 3 қисм, оби лаблабуи сурх 1 қисм, оби бодиринг 1 қисм. Инҳоро бо ҳам омехта карда, ҳар рўз аз ин даво истеъмол кунанд.

— 250 грамм решаи каҳзак (хрен)-ро аз мошин гузаронда, дар ним литр оби ҷўш 24 соат бихобонанд. Сипас дар қисмати ҷигар 40 дақиқа компресс (гармбандӣ) намоянд.

— Истеъмоли ҷўшондаи бомус (авёс) низ дар муҷодила ба муқобили илтиҳоботи вирусии ҷигар кўмаки босазо менамояд. Як истакон бомусро шуста, дар 2 литр об муддати 15 дақиқа дар оташи мулоим биҷўшонед ва як пиёлагӣ 3-4 бор дар як рўз истеъмол намоед.

ДАРМОНИ ТАШАММУЪ (СИРРОЗ)-И ҶИГАР

Гирифторони бемории сирроз бояд дар шароити бемористон бо истифода аз дастовардҳои тибби муосир муолиҷа шаванд. Он чӣ дар ин маврид пешниҳод мегардад, танҳо як василаи кўмакрасон ба шумор меравад.

— Решаи чоқла – 10 грамм, решаи коснӣ – 20 грамм, чилбуғум – 20 грамм, буймодарони маҳинбарг – 20 грамм чойалаф ва меваи хулул ҳар кадом 10 граммӣ.

Аз ин таркиб 20 граммро дар ним литр оби ҷўш муддате дам дода, соф кунанд ва рўзе 3-4 маротиба ба андозаи 3 қошуқӣ ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

— Решаи ширинбаён ва решаи анҷибар (геран) – 20 граммӣ, решаи коснӣ – 40 грамм, зираи сиёҳ (чёрний тминь) ва чойалаф ҳар кадом 10 граммӣ. Ин нусхаро низ мисли нусхаи дар боло нишондодашуда истеъмол бояд кард.

— 2 қошуқи майдакардаи зарпечакеро, ки даври гиёҳи коснӣ (цикорий) печида бошад, дар 400 грамм оби ҷўш муддате дар дохили термос дам карда, соф намуда, 50 граммӣ аз ин дамкардаро 3-4 маротиба пеш аз ғизо ё як соат баъди ғизо истеъмол кунед.

ПАРҲЕЗИ ШАХСОНЕ, КИ ҶИГАРИ БЕМОР ДОРАНД

— Чарбии ҳайвонӣ, аз ҷумла чарбии байни пўсту гўшт ва дунба барои ҷигар бисёр зарар дорад. Гўшти моҳиро низ барои ҷигар зарарнок гуфтаанд. Ҳар он чи тезу талх ва бирёнӣ, ғизои шабмонда ва нўшобаҳои саноатӣ аст, барои ҷигари бемор ва заиф зарар дорад.

— Касоне, ки ҷигари танбал доранд, хўрдани оби сабзиро фаромўш накунанд.

— Тути заминӣ аз моддаҳои кимиёии табиӣ хеле ғанӣ буда, барои ҷигар фоидаи зиёд дорад ва агар пеш аз ғизо хўрда шавад, иштиҳо меорад.

— Олуи хушк барои касоне ки ҷигар ва рўдаи танбал доранд, хеле муфид аст. Агар пеш аз ғизои аслии худ вақти наҳору шом 10 донаи онро бихўранд, ба ҷигарашон нафъ мерасонад.

— Як қошуқча аз хокаи тухми гиёҳи бодовард (расторопша)-ро дар ним пиёла об омехта карда, рўзе 3 бор пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

— Касоне ки ба ҳар навъ бемории ҷигар гирифторанд, агар чои рўзонаи худро аз гиёҳони зерин тартиб намоянд, беҳбудии чашмгире насибашон хоҳад гардид: гули садбарг, бодиён, газна, пудинаи боғӣ, меваи хулул ва решаи ширинбаён.

ГИЁҲДАРМОНИИ ЗАРДПАРВИН

— Як қошуқ реша ё пўсти майдашудаи зелолро дар 200 грамм об муддате биҷўшонед ва ин ҷўшондаро дар давоми рўз истеъмол кунед.

— Решаи коснӣ низ ҳамин хосиятро дорад ва тарзи истифодааш мисли нусхаи боло аст.

— Ҷўшондаи пўсти бодиринг дар муолиҷаи зардпарварин кўмак менамояд.

— Ҳамарўза 3 донагӣ бодоми талхро бо асал бихўред. Аз ин миқдор бештараш зарарнок аст.

— Шилми камолро ба андозаи донаи нахўд дар дохили дилаи нон ҷой дода, фурў баред.

— Хўрдани оби сабзӣ, анор, лимў, гашниз, турб, каду ва мош барои беморони зардпарвин хеле муфид аст. Беморон бояд аз тезӣ (тундӣ), бирёниҳо ғизоҳои вазнин ва дерҳазм, равғани ҳайвонӣ ва ғизои консервӣ бипарҳезанд.

БЕМОРИҲОИ ТАЛХАДОН

— Оби ним дона лимўро бо сеяки қошуқчаи чойнўшӣ аз содаи хўрокӣ омехта карда, ба андозаи як қошуқи ошхўрӣ 1-2 маротиба дар як рўз истеъмол намоед. Ин чораи фаврӣ барои таскини дарди шадиди талхадон аст.

— Як дона себи сабзро майда карда, 2 пиёла оби ҷўшро аз болояш бирезед ва муддати 15-20 дақиқа дам дода, як қошуқ асалро илова намуда, баъди ҳар ним соат як қултӣ бинўшед.

— Бемор бояд аз истеъмоли ғизои бирёнӣ, тезӣ, равғанҳои ҳайвонӣ ва машруботи масткунанда ҷиддан худдорӣ намоед.

МУОЛИҶАИ ИЛТИҲОБИ МУЗМИНИ ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (ПАНКРЕАТИТ)

— Як қошуқӣ реша ё пўсти решаи зелол, бўймодарони дуруштбарг, момирон, газна ва ҷағ-ҷағро гирифта, дар як литр оби ҷўш дар дохили термос 1-2 соат дам карда, соф намоед. Ба андозаи 50 граммӣ граммӣ ним соат пеш аз истеъмоли ғизо онро бинўшед.

— Як қошуқӣ хокаи решаи чоқла, пўсти лўбиё, гулу барги газна, пудинаи боғӣ, гули ҳамешабаҳор ва гули бобунаро мисли нусхаи дар боло тайёршуда истеъмол намоед.

— Тибби мардумии русӣ истеъмоли бонус (авёс)-ро пешниҳод менамояд. Тарзи истифодаи он чунин аст:

Ду қошуқ бомусро кўфта, дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷўшонанд. Каме дам дода, рўзе 3 маротиба ним пиёлагӣ, ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

Парҳез: Аз пурхўрӣ, ғизоҳои сахту дерҳазм, машруботи масткунанда, равғани ҳайвонӣ ва тезӣ (тундӣ) худдорӣ бояд кард.

Садриддиншоҳ ҶАЛОЛӢ,

гиёҳшинос, сарвари маркази тибби “Ориён”.

Гиёҳдармонии бемориҳои меъда ва рӯда.

от user

в Гиёҳдармонӣ

 0

Захми меъда

-100 грамм шираи сабр (алоэ), 100 грамм шарбати сабзӣ, шарбати лаблабуи сурх, асал ва шарбати ангур, 50 грамм сабзаи наврустаи сулӣ (ҷави русӣ, овёс)-ро аз  гӯштқиммакунак гузаронида, омехта кунеду дар зарфи сирнок дар танӯрчаи барқӣ (духовка) 5 соат дар ҳарорати паст бигзоред. Сипас хунук карда, чоряк истаконӣ рӯзе се бор 20-40 дақиқагӣ пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта. Ҳангоми зарурат баъди 10 рӯз такрор намоед.

— 10 грамм решаи кӯфташудаи ширинбия, 10 грамм сабзаи наврустаи ҷав ва 5 грамм пӯчоқи хушккардаи афлесунро гирифта, ба ним литр об ҳамроҳ намоед ва дар оташи паст 30 дақиқа ҷӯшонед. Аз дока гузаронида, 60 грамм асал ҳамроҳ намоед. Рӯзе ду қошуқӣ се маротиба пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-50 грамм сабзаи марҷумак (гречка), ним кило мағзи чормағз ва 100 грамм сабзаи наврустаи сулиро аз гӯштқиммакунак гузаронед. Сипас 500 грамм сабзиро аз турбтарошак гузаронед. 100 грамм равғани маскаро дар зарф гирифта, дар оби ҷӯш об кунед. Ҳама давоҳои зикршударо омехта карда, 250 грамм асал ҳамроҳ кунед. Даворо дар яхдон нигоҳ дошта, рӯзе 4 маротиба 1 қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-200 грамм сабзаи наврустаи гандумро дар ўғурча кӯфта, ба он 500 грамм асал ва 500 мл равғани зайтун ҳамроҳ намоед. Ҳарсеро дар зарфи шишагин андохта, дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзе се маротиба як қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-Як қошқуқча донаи зағир ва сабзаи наврустаи гандумро гирифта, ба болояш як истакон оби гарм резед. Сї дақиқа онро дам дода, аз дока гузаронида, рӯзе се чор маротиба ду қошуқӣ пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

Гастрит

-100 грамм асал, 15 грамм барги сабр, 100 грамм равғани маскаро якҷоя намуда, рӯзе 2 бор як қошуқӣ истеъмол кунед. Аз болои ин даво шири гарм нӯшед.

— 100 грамм асал ва 100 грамм шарбати баргҳои сабрро омехта, ду қошуқӣ рӯзе як бор 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

– Ду қошуқӣ баргу гули бӯимодарон, бобуна, барги зулф, ширинбия ва меваи настаран (хулул, хуч)-ро дар як зарф бо ҳамдигар омехта кунед. Аз ин омехта дар зарфе як қошуқ гирифта, ба болояш як истакон оби ҷӯш бирезед. Баъди як соати дам хӯрдан даворо аз дока гузаронида,ним истаконӣ рӯзе ду маротиба як соат пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Ин даво барои беморони гирифтори гастрити туршнокии меъдаашон баланд тавсия дода мешавад.

-Шарбати лиму, карам, помидорро як қошуқӣ рӯзе се маротиба 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Се қошуқ шарбати барги зулфро ба се қошуқ оби тоза омехта, рӯзе се маротиба як қошуқӣ 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Ин давоҳо барои ашхоси туршнокии меъдаашон паст тавсия дода мешавад.

Шикамрав ( исҳол)

-Ду қошуқ решаи хушки кӯфташудаи ширинбияро гирифта, ним литр об ҳамроҳ намоед. Сипас баъди ҷӯшонидан 10 дақиқа дар оташи паст гузоред. Баъди як соати дам хӯрдан  рӯзе се маротиба ним истаконӣ истеъмол намоед.

-Сангдони меъдаи хурӯсро хушк карда, кӯфта, ним қошуқчаи онро бо каме об бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ мекунад.

-Ҳамарӯза хӯрдани 1,5 грамм кӯфтаи қаламфури гардан (гвоздика) давои шикамрав аст.

Сахтшавии дарун (қабзият)

         -Як қошуқ решаи хушки қоқуро дар зарфи сирноке гирифта, ба болояш 200 милилитр оби ҷӯш резед ва сарпӯши онро маҳкам карда, дар оби ҷӯш нигоҳ доред. Сипас тайи 45 дақиқа гузоред, то хунук шавад. Баъдан онро аз дока гузаронида, сеяки истакон рӯзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

Варами рӯда (колит)

-10 грамм баргу пояи коснӣ (цикорий)-ро ба як истакон шири гарм андохта, як соат дам диҳед. Давои ҳосилшударо 50 граммӣ рӯзе 4 маротиба истеъмол кунед. Барои тақвияти даво метавонед ним қошуқча асал ҳамроҳ намоед.

-10 грамм донаи биҳиро ба як литр об андохта, аз 10 соат то якшабонарӯз дам диҳед. Ним истаконї  рӯзе се чор маротиба истеъмол намоед.

-Рӯзе то як кило себ хӯрдан барои илтиҳоби рӯда кӯмак мерасонад. Барои пурқувват шудани даво себро аз турбтарошак гузаронида, ба он мувофиқи табъ асал ҳамроҳ намоед.

-6-7 дона анҷири андозаашон миёнаро дар як истакон шир андохта ҷӯшонед. Ин нӯшобаи гуворо барои илтиҳоби  рӯда , бронхит ва дигар бемориҳои роҳи нафас муфид аст.

-Як дона лаблабуро гирифта, шарбаташро афшурда, ба он 100 грамм равғани зайтун ҳамроҳ кунед. Ин нушобаро дили бенаҳор истеъмол кунед. Баъди ним соат як истакон об нӯшед. Муддати муолиҷа як ҳафта. Дар ин муддат бештар шавлаи марҷумон (гречка) ва сулӣ (овёс) истеъмол кунед. Ин даво барои касоне, ки гирифтори бемориҳои гурда мебошанд, тавсия дода мешавад.

Додихудои Ҷомӣ, гиёҳшинос.

Гиёҳдармонии бемории ғадуди зери меъда.

Ғадуди зери меъда яке аз узвҳои муҳимтарини системаи ҳозима ба шумор меравад. Нишонаҳои беморшавии ғадуди зери меъда инҳоянд: дилбеҳузуршавӣ баъди истеъмоли ғизо, эҳсоси дард дар паҳлўи чап, қайкунӣ, сахтшавии дарун ва дамиш андохтани шикам (бод).

Дар баробари табобати асосӣ истифода аз гиёҳҳо низ ба бемор сабукӣ бахшида, раванди шифоёбиро метезонад.

— 50 грамм решаи майдакардаи қоқуро ба чойник андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷўш резед. Чойникро гарм печонда, ду соат дам диҳед. Давои мазкурро ним истаконӣ пеш аз наҳорӣ, нимрўзӣ ва қабл аз ғизои шом истеъмол кунед. Мўҳлати табобат 10 рўз.

— 20 грамм гули бобунаро ба зарфе андохта, як истакон оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш ҳамроҳ сохта, 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 14 рўз.

— Як қошуқча ғозичой (бессмертник)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 10 дақиқа дам диҳед. Ним истаконӣ рўзе ду маротиба пеш аз ғизо онро истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2-3 ҳафта. Ғозичой дар муолиҷаи панкреатит таъсири қавӣ дошта, барои талха низ муфид аст.

— Ду қошуқ гули ҳамешабаҳор (календула)-ро дар ним литр оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, дар давоми рўз 50 милилитрӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати табобат 7-10 рўз.

Қиёми гули ҳамешабаҳор дарди паҳлўи чапро таскин мебахшад.

— Як қошуқча пудинаро дар ним литр об андохта, давоми 15 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба ним истаконӣ 15 дақиқа пеш аз ғизо онро нўши ҷон кунед. Пудина хосияти арақронӣ ва пешобронӣ дорад. Инчунин хосияти зардаронӣ дошта, ба ғадуди зери меъда таъсири мусбат мерасонад.

— Ду қошуқ гиёҳи бўимодарон (тысячелистник)-ро ба 2 литр оби ҷўш андохта, болои зарфро 8 соат маҳкам пўшонед. Сипас аз дока гузаронида, рўзе ду маротиба ним истаконӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 10 рўз.

— Як қошуқ тахач (горькая полынь) — ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 5 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба 2 қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта.

— Як қошуқӣ пудина, бобуна, гули ҳамешабаҳор, решаи лух (аир) ва нардсунбул (валериана)- ро якҷоя кунед.

Сипас аз он як қошуқ гирифта, ба якуним истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо субҳу шом баъди ғизо истеъмол кунед.

— 300 грамм сирпиёз, як кило лиму, як бандча ҷаъфарӣ (петрушка)-ро аз гўштқиммакунак гузаронида, ба бонка андозеду ба яхдон гузоред. Рўзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хўрок як қошуқчаӣ аз ин даво истеъмол кунед.

— Ним қошуқӣ пудина, решаи лух ва сесанбар (чабрец)- ро ба як литр шир андохта, дар оташи паст ҷўшонед. Вақте дар зарф якуним истакон шир монд, аз болои оташ гиред. Аз ин даво баъди ҳар як соат як қошуқӣ истеъмол кунед. Он барои илтиҳоби ғадуди зери меъда муфид аст.

— Як қошуқ барги зуф (подорожник) — ро ба 250 милилитр оби ҷўш андохта, як соат дам диҳед. Баъди полонидан давои мазкурро пеш аз ғизо 50 милилитрӣ истеъмол кунед.

— Ҳар рўз ним истакон шарбати тару тозаи картошкаро ним соат пеш аз ғизо истеъмол намоед. Баъди 5-6 дақиқа як истакон кефир бихўред. Муҳлати табобат 14 рўз.

Баъди 10 рўзи истироҳат метавонед муолиҷаро такрор намоед. Шарбати картошкаро дарҳол бинўшед, зеро баъди 10 дақиқа вай хусусияти табобатиашро гум мекунад.

— Як қошуқча чойкаҳак (зверобой)- ро дар як истакон оби ҷўш андохта, 1-2 дақиқа ҷўшонед. Сипас болои зарфро гарм печонда, ним соат дам диҳед. Даворо ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.

— Як қошуқчаӣ росан (девясил) ва сапали шутур (мать-и мачеха)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо дар давоми рўз кам-кам бинўшед. Муҳлати муолиҷа як моҳ. Ин даво барои таскин додани дард хеле муфид аст.

— Истеъмоли шарбати тару тозаи лаблабу, чойи кабуд ва чойи настаран (хулул, хуч) низ дарди зери қабурғаи чапро таскин медиҳад.

— Барои гирифторони панкреатит истеъмоли лўбиё муфид аст.

-Чойи пўпаки ҷўворӣ низ давои панкреатит мебошад.

— Як қошуқӣ чойкаҳак, бобуна, думи шер, нозбў (мелисса) решаи росан (девясил) ва пудинаро гирифта, омехта кунед. Аз он як қошуқашро дар як истакон оби ҷўш андозед. Сипас 15 дақиқа болои гармӣ монед. Баъди аз дока гузаронидан дар давоми рўз як- ду қултӣ то охир бинўшед.

— Шарбати тару тозаи сабр (алоэ)- ро як қошуқӣ бо асал бинўшед. Пеш аз буридани барги сабр онро ду ҳафта об надиҳед. Истеъмоли шарбати сабр дар давраи шиддатёбии панкреатит манъ аст.

— Як қошуқӣ чойкаҳак, пудина ва думи шерро омехта карда, аз он ду қошуқашро ба ним литр оби ҷўш резед. Баъди 40 дақиқа гарм ҷўшонида, дам додан аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.

— Якуним қошуқ бўимодарон, як қошуқча гули ҳамешабаҳор ва ду қошуқ пудинаро бо ҳам омехта кунед. Ду қошуқ аз он гирифта, ба 2 истакон оби ҷўш ҳамроҳ созед. Баъди 15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонида, як соат дам диҳед. Даворо ду тақсим карда, нисфашро ним соат пеш аз наҳорӣ ва нисфи дигарашро пеш аз ғизои нисфирўзӣ истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа ду моҳ.

— Беморонро лозим аст, ки аз истеъмоли нўшокиҳои спиртдор, бирёнӣ, серравған, сахт ва тунд (тез) худдорӣ намоянд.

 

Тағоймурод НИЗОМОВ, гиёҳшинос, деҳаи Заргарони

шаҳри Ҳисор .  

 

Давои дарди меъда

от user

в Гиёҳдармонӣ

 0

Агар дар меъда бод фароҳам омада бошад, омадани оруғи бисёр, қароқур кардан ва дамиши шикам рўй медиҳад. Аз ҷониби чап дард пайдо мешавад.

— Се шохи наъноро (пудинаи боғӣ)-ро кўфта, бо оби анор биёшоманд, дарди меъдаро дафъ мекунад.

— Аз 12 то 18 рўз пайваста арпабодиёнро як каф бо як пиёла оби ҷўшомада биёшоманд, ё чой карда бинўшанд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

— Ҳар рўз нўшидани 150 грамм шарбати сабзӣ нафъ мерасонад.

— Ҳафтае як бор пеш аз хоб ба миқдори нахўд мумиёро бо як қошуқ равғани зард бихўранд, шифо меёбанд. Муддати табобат то ба чор моҳ.

— Ҳар рўз ду мисқол (10 грамм) барги хушки мармаракро кўфта, бо чой биёшоманд, дарди меъдаро таскин медиҳад.

— Агар аз захми меъда хун равон бошад, самара (ғўра)-и зиркро як каф дар оби ҷўшомада тар карда, каф зада, бо асал биёшоманд, хунравӣ манъ мегардад ва қиёми зирк низ ҳамин хосиятро дорад.

— Истеъмоли бо меъёри маска, асал, равғани зард, хомшўрбо, қаймоқ, зардии тухми нимпухтаи мурғ давоест хубу беҳтарин.

— Барои захми хуншор шарбати зуф бо печак дар омехтагӣ бо асал рўзе 40-50 грамм ду маротиба дар дили холӣ (субҳу шом) ду соат пеш аз хўрок биёшоманд, шифо хоҳанд ёфт. Муддати табобат як моҳ.

— Агар дард ё захм аз баландии туршӣ бошад, аз таомҳои турш, шўр, тез, ширини баланд, чакаю дўғоб, ҷурғот ва сахту лўбиёгӣ бипарҳезед.

ДАРДИ САРИ МЕЪДА

Агар ин дард сахт шиддат кунад, бемор беҳуш мешавад. Сабаби ин дард пайдоиши ҳарорат дар даҳони болои меъда ё рехта шудани хилти сафровӣ (зардоб) бо он мавзеъ. Аломати ғалабаи ҳарорат ташнагӣ, хушкии даҳон ва орўғи бўйнок аст. Аломати дигар зард гаштани забон ва талхии даҳон.

ДАВО:

—  Ду дирам тухми испаноҳро кўфта бихўранд.

— Як каф барги соидаи наъноро бо як пиёла об ду соат пеш аз наҳор то ба 12 рўз биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

— Ҳар субҳ ду соат пеш аз наҳор то ба 12 рўз ва зиёда аз як дирам (5 грамм) санои маккиро бо обе, ки дар он кокутӣ ҷўшонида шуда бошад, бихўранд.

— Равғани зағирро аз рў ба сари меъда ва бар дил доимо бимоланд, дарди сари меъдаро даво мешавад.

— Решаи офтобпарасти тару тозаро кўфта, обашро гирифта, ду мисқол (10 грамм) то ба 10 рўз бинўшанд, манфиат меорад.

— Ҳар рўз 5 мисқол (25 грамм) райҳони хушкро дар об ҷўш дода, он обро биёшоманд, нафъ мерасонад.

— Мавизи сиёҳро рўзе 4 мисқол (20 грамм) бардавом истеъмол кардан меъдаро боқувват мекунад. Анҷири тару тоза низ ҳамин хосиятро дорад.

— Обу ҳавои тоза, хотири ҷамъ, вақти хуш, бўйи гуворо, манзараҳои зебо, ибодати бардавоми Худои таъоло, шунидану тиловати оятҳои раҳмонӣ ҷисму рўҳро қувват мебахшанд.

Муҳаммадрасули ИБРОҲИМЗОДА,

табиби мардумӣ, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат



Бе нон ҳам мешавад?

от https://m-davo.tj/ 

в Ғизои солим

 0

Аксари ситораҳои синамои ғарб тарзи солими ҳаётро пеша карда, аз ғизоҳои серравғану сергўшт ва хамирӣ парҳез мекунанд. Онҳо на танҳо ба хотири тандурустӣ, балки ба хотири тиҷорат ба тарзи солими ҳаёт рў овардаанд. Зеро зимни риояи қатъии парҳез дер гоҳ ҷавон монда, аз нақшҳои иҷрокардаашон маблағи зиёд мегиранд.

Чанд сол пеш як гурўҳ рўзноманигорон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кардем. Дар шаҳри Исломобод баъди мулоқот бо хабарнигорони Радиои давлатии Покистон дар тарабхонае зиёфат доданд. Рўи миз анвои меваю хўришҳо ва моҳию нўшобаҳо пур буд. Ҳамсафаронам нишастан замон ба нони гарми чаппотӣ даст дароз карданд. Ду дафъа аз пешхизмат хоҳиш намуданд, ки боз нон биёрад. Ў дафъаи сеюм нон оварда, бо табассум гуфт: ғ Ин ҳама нозу неъматро мо барои шумо омода кардем, вале чаро шумо фақат нон мехўред?

Ман ба тақозои вазифа дар 14 кишвари хориҷӣ будам ва мушоҳида кардам, ки воқеан мо нонро зиёд истеъмол мекунем. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз меваю сабзавоти лазиз бой аст. Аз сабаби зиёд истеъмол кардани нон бисёриҳоро мебинем, ки фарбеҳанд, вале аз норасоии витаминҳо гирифтори бемориҳои гуногун гаштаанд.

Академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ғиёсуддини Меъроҷ мегўяд, ки мутахассисони соҳа дар хусуси ғизои солим назари ягона надоранд, зеро таъсири ғизо дар ҳолатҳои мухталиф метавонад гуногун бошад. Масалан, агар як навъи ғизо барои шахсе манфиатовар бошаду солим маҳсуб ёбад, ба шахси дигар метавонад зарар расонад ва ғизои носолим дониста шавад.  Мардуми мо, дар ҳақиқат, нонро зиёд истеъмол мекунанд, мегўяд академик ғиёсуддини Меъроҷ.

Баъзеҳо аз рўи танбалӣ ҳавсалаи тайёр кардани ғизои гуногунро надоранд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон анвои гуногуни меваю сабзавот ва лўбиёгиҳо ҳастанд, ки агар онҳоро дуруст истеъмол намоем, ба нон чандон эҳтиёҷ намемонад. Нони сафеде, ки истеъмол мекунем, зарараш аз манфиаташ бештар аст. Нонро аз ғарбел нагузаронида, бо сабўсаш пазанд, лазизтару манфиатовар мешавад. Аз тарафи дигар, сабўс ғизо ва даво буда, дар таркиби он витамину элементҳои барои организм зарурӣ зиёданд. Иддае мегўянд, ки «Нон нахўрда чӣ хўрем?» Агар ин тоифа моҳе дукилоӣ лўбиё, нахўд, мош ва наск гирифта, хўрок пазанд, ҳар рўз дегашон «обод» шуда, ҷисмашон бо элементҳои зарурӣ таъмин мегардад. Нархи боимҷону лаблабуи сурх, каду ва карам, ки аз витаминҳо боянд, чандон зиёд нест, вале аксарият рў ба картошка овардаанд. Ҳол он ки таркиби картошка ба нон наздиктар асту истеъмоли барзиёди бирёни он боиси фарбеҳшавӣ мегардад.

Ба гуфтаи ин олими маъруф дар таркиби ғизо бояд ангиштобҳо, аминокислотаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва микроэлементҳо бошанд. ғизо барои инсон манбаи энергия аст. Агар ғизоро дуруст истеъмол намоем ва дар баробари он ба андозаи зарурӣ кору ҳаракат кунем, на лоғар мешавему на фарбеҳ. Инро тарзи ҳаёти солим мегўянд. Вояи ғизои солим бояд барои ҳар кас алоҳида ва бо дарназардошти вазъи саломатиаш муайян карда шавад.

С. Суннатӣ

Гиёҳдармонии бемории ғадуди зери меъда.

от https://m-davo.tj/ 

в Гиёҳдармонӣ

 0

Ғадуди зери меъда яке аз узвҳои муҳимтарини системаи ҳозима ба шумор меравад. Нишонаҳои беморшавии ғадуди зери меъда инҳоянд: дилбеҳузуршавӣ баъди истеъмоли ғизо, эҳсоси дард дар паҳлўи чап, қайкунӣ, сахтшавии дарун ва дамиш андохтани шикам (бод).

Дар баробари табобати асосӣ истифода аз гиёҳҳо низ ба бемор сабукӣ бахшида, раванди шифоёбиро метезонад.

— 50 грамм решаи майдакардаи қоқуро ба чойник андохта, аз болояш якуним истакон оби ҷўш резед. Чойникро гарм печонда, ду соат дам диҳед. Давои мазкурро ним истаконӣ пеш аз наҳорӣ, нимрўзӣ ва қабл аз ғизои шом истеъмол кунед. Мўҳлати табобат 10 рўз.

— 20 грамм гули бобунаро ба зарфе андохта, як истакон оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш резеду 10 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Сипас баробари он оби ҷўш ҳамроҳ сохта, 15 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 14 рўз.

— Як қошуқча ғозичой (бессмертник)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 10 дақиқа дам диҳед. Ним истаконӣ рўзе ду маротиба пеш аз ғизо онро истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2-3 ҳафта. Ғозичой дар муолиҷаи панкреатит таъсири қавӣ дошта, барои талха низ муфид аст.

— Ду қошуқ гули ҳамешабаҳор (календула)-ро дар ним литр оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, дар давоми рўз 50 милилитрӣ пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати табобат 7-10 рўз.

Қиёми гули ҳамешабаҳор дарди паҳлўи чапро таскин мебахшад.

— Як қошуқча пудинаро дар ним литр об андохта, давоми 15 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба ним истаконӣ 15 дақиқа пеш аз ғизо онро нўши ҷон кунед. Пудина хосияти арақронӣ ва пешобронӣ дорад. Инчунин хосияти зардаронӣ дошта, ба ғадуди зери меъда таъсири мусбат мерасонад.

— Ду қошуқ гиёҳи бўимодарон (тысячелистник)-ро ба 2 литр оби ҷўш андохта, болои зарфро 8 соат маҳкам пўшонед. Сипас аз дока гузаронида, рўзе ду маротиба ним истаконӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа 10 рўз.

— Як қошуқ тахач (горькая полынь) — ро ба як истакон оби ҷўш андохта, 5 дақиқа ҷўшонед. Рўзе се маротиба 2 қошуқӣ пеш аз ғизо истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта.

— Як қошуқӣ пудина, бобуна, гули ҳамешабаҳор, решаи лух (аир) ва нардсунбул (валериана)- ро якҷоя кунед.

Сипас аз он як қошуқ гирифта, ба якуним истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо субҳу шом баъди ғизо истеъмол кунед.

— 300 грамм сирпиёз, як кило лиму, як бандча ҷаъфарӣ (петрушка)-ро аз гўштқиммакунак гузаронида, ба бонка андозеду ба яхдон гузоред. Рўзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хўрок як қошуқчаӣ аз ин даво истеъмол кунед.

— Ним қошуқӣ пудина, решаи лух ва сесанбар (чабрец)- ро ба як литр шир андохта, дар оташи паст ҷўшонед. Вақте дар зарф якуним истакон шир монд, аз болои оташ гиред. Аз ин даво баъди ҳар як соат як қошуқӣ истеъмол кунед. Он барои илтиҳоби ғадуди зери меъда муфид аст.

— Як қошуқ барги зуф (подорожник) — ро ба 250 милилитр оби ҷўш андохта, як соат дам диҳед. Баъди полонидан давои мазкурро пеш аз ғизо 50 милилитрӣ истеъмол кунед.

— Ҳар рўз ним истакон шарбати тару тозаи картошкаро ним соат пеш аз ғизо истеъмол намоед. Баъди 5-6 дақиқа як истакон кефир бихўред. Муҳлати табобат 14 рўз.

Баъди 10 рўзи истироҳат метавонед муолиҷаро такрор намоед. Шарбати картошкаро дарҳол бинўшед, зеро баъди 10 дақиқа вай хусусияти табобатиашро гум мекунад.

— Як қошуқча чойкаҳак (зверобой)- ро дар як истакон оби ҷўш андохта, 1-2 дақиқа ҷўшонед. Сипас болои зарфро гарм печонда, ним соат дам диҳед. Даворо ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.

— Як қошуқчаӣ росан (девясил) ва сапали шутур (мать-и мачеха)-ро ба як истакон оби ҷўш андохта, ним соат дам диҳед. Даворо дар давоми рўз кам-кам бинўшед. Муҳлати муолиҷа як моҳ. Ин даво барои таскин додани дард хеле муфид аст.

— Истеъмоли шарбати тару тозаи лаблабу, чойи кабуд ва чойи настаран (хулул, хуч) низ дарди зери қабурғаи чапро таскин медиҳад.

— Барои гирифторони панкреатит истеъмоли лўбиё муфид аст.

-Чойи пўпаки ҷўворӣ низ давои панкреатит мебошад.

— Як қошуқӣ чойкаҳак, бобуна, думи шер, нозбў (мелисса) решаи росан (девясил) ва пудинаро гирифта, омехта кунед. Аз он як қошуқашро дар як истакон оби ҷўш андозед. Сипас 15 дақиқа болои гармӣ монед. Баъди аз дока гузаронидан дар давоми рўз як- ду қултӣ то охир бинўшед.

— Шарбати тару тозаи сабр (алоэ)- ро як қошуқӣ бо асал бинўшед. Пеш аз буридани барги сабр онро ду ҳафта об надиҳед. Истеъмоли шарбати сабр дар давраи шиддатёбии панкреатит манъ аст.

— Як қошуқӣ чойкаҳак, пудина ва думи шерро омехта карда, аз он ду қошуқашро ба ним литр оби ҷўш резед. Баъди 40 дақиқа гарм ҷўшонида, дам додан аз дока гузаронида, ним истаконӣ рўзе се маротиба пеш аз ғизо истеъмол кунед.

— Якуним қошуқ бўимодарон, як қошуқча гули ҳамешабаҳор ва ду қошуқ пудинаро бо ҳам омехта кунед. Ду қошуқ аз он гирифта, ба 2 истакон оби ҷўш ҳамроҳ созед. Баъди 15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонида, як соат дам диҳед. Даворо ду тақсим карда, нисфашро ним соат пеш аз наҳорӣ ва нисфи дигарашро пеш аз ғизои нисфирўзӣ истеъмол кунед. Муҳлати муолиҷа ду моҳ.

— Беморонро лозим аст, ки аз истеъмоли нўшокиҳои спиртдор, бирёнӣ, серравған, сахт ва тунд (тез) худдорӣ намоянд.

Тағоймурод НИЗОМОВ, гиёҳшинос, деҳаи Заргарони

шаҳри Ҳисор .  

Гиёҳдармонии бемориҳои меъда ва рӯда.

от https://m-davo.tj/

в Гиёҳдармонӣ

 0

Захми меъда

-100 грамм шираи сабр (алоэ), 100 грамм шарбати сабзӣ, шарбати лаблабуи сурх, асал ва шарбати ангур, 50 грамм сабзаи наврустаи сулӣ (ҷави русӣ, овёс)-ро аз  гӯштқиммакунак гузаронида, омехта кунеду дар зарфи сирнок дар танӯрчаи барқӣ (духовка) 5 соат дар ҳарорати паст бигзоред. Сипас хунук карда, чоряк истаконӣ рӯзе се бор 20-40 дақиқагӣ пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Муҳлати табобат 2 ҳафта. Ҳангоми зарурат баъди 10 рӯз такрор намоед.

— 10 грамм решаи кӯфташудаи ширинбия, 10 грамм сабзаи наврустаи ҷав ва 5 грамм пӯчоқи хушккардаи афлесунро гирифта, ба ним литр об ҳамроҳ намоед ва дар оташи паст 30 дақиқа ҷӯшонед. Аз дока гузаронида, 60 грамм асал ҳамроҳ намоед. Рӯзе ду қошуқӣ се маротиба пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-50 грамм сабзаи марҷумак (гречка), ним кило мағзи чормағз ва 100 грамм сабзаи наврустаи сулиро аз гӯштқиммакунак гузаронед. Сипас 500 грамм сабзиро аз турбтарошак гузаронед. 100 грамм равғани маскаро дар зарф гирифта, дар оби ҷӯш об кунед. Ҳама давоҳои зикршударо омехта карда, 250 грамм асал ҳамроҳ кунед. Даворо дар яхдон нигоҳ дошта, рӯзе 4 маротиба 1 қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-200 грамм сабзаи наврустаи гандумро дар ўғурча кӯфта, ба он 500 грамм асал ва 500 мл равғани зайтун ҳамроҳ намоед. Ҳарсеро дар зарфи шишагин андохта, дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзе се маротиба як қошуқӣ 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

-Як қошқуқча донаи зағир ва сабзаи наврустаи гандумро гирифта, ба болояш як истакон оби гарм резед. Сї дақиқа онро дам дода, аз дока гузаронида, рӯзе се чор маротиба ду қошуқӣ пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

Гастрит

-100 грамм асал, 15 грамм барги сабр, 100 грамм равғани маскаро якҷоя намуда, рӯзе 2 бор як қошуқӣ истеъмол кунед. Аз болои ин даво шири гарм нӯшед.

— 100 грамм асал ва 100 грамм шарбати баргҳои сабрро омехта, ду қошуқӣ рӯзе як бор 30 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

– Ду қошуқӣ баргу гули бӯимодарон, бобуна, барги зулф, ширинбия ва меваи настаран (хулул, хуч)-ро дар як зарф бо ҳамдигар омехта кунед. Аз ин омехта дар зарфе як қошуқ гирифта, ба болояш як истакон оби ҷӯш бирезед. Баъди як соати дам хӯрдан даворо аз дока гузаронида,ним истаконӣ рӯзе ду маротиба як соат пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Ин даво барои беморони гирифтори гастрити туршнокии меъдаашон баланд тавсия дода мешавад.

-Шарбати лиму, карам, помидорро як қошуқӣ рӯзе се маротиба 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Се қошуқ шарбати барги зулфро ба се қошуқ оби тоза омехта, рӯзе се маротиба як қошуқӣ 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол кунед. Ин давоҳо барои ашхоси туршнокии меъдаашон паст тавсия дода мешавад.

Шикамрав ( исҳол)

-Ду қошуқ решаи хушки кӯфташудаи ширинбияро гирифта, ним литр об ҳамроҳ намоед. Сипас баъди ҷӯшонидан 10 дақиқа дар оташи паст гузоред. Баъди як соати дам хӯрдан  рӯзе се маротиба ним истаконӣ истеъмол намоед.

-Сангдони меъдаи хурӯсро хушк карда, кӯфта, ним қошуқчаи онро бо каме об бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ мекунад.

-Ҳамарӯза хӯрдани 1,5 грамм кӯфтаи қаламфури гардан (гвоздика) давои шикамрав аст.

Сахтшавии дарун (қабзият)

         -Як қошуқ решаи хушки қоқуро дар зарфи сирноке гирифта, ба болояш 200 милилитр оби ҷӯш резед ва сарпӯши онро маҳкам карда, дар оби ҷӯш нигоҳ доред. Сипас тайи 45 дақиқа гузоред, то хунук шавад. Баъдан онро аз дока гузаронида, сеяки истакон рӯзе се маротиба 15 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед.

Варами рӯда (колит)

-10 грамм баргу пояи коснӣ (цикорий)-ро ба як истакон шири гарм андохта, як соат дам диҳед. Давои ҳосилшударо 50 граммӣ рӯзе 4 маротиба истеъмол кунед. Барои тақвияти даво метавонед ним қошуқча асал ҳамроҳ намоед.

-10 грамм донаи биҳиро ба як литр об андохта, аз 10 соат то якшабонарӯз дам диҳед. Ним истаконї  рӯзе се чор маротиба истеъмол намоед.

-Рӯзе то як кило себ хӯрдан барои илтиҳоби рӯда кӯмак мерасонад. Барои пурқувват шудани даво себро аз турбтарошак гузаронида, ба он мувофиқи табъ асал ҳамроҳ намоед.

-6-7 дона анҷири андозаашон миёнаро дар як истакон шир андохта ҷӯшонед. Ин нӯшобаи гуворо барои илтиҳоби  рӯда , бронхит ва дигар бемориҳои роҳи нафас муфид аст.

-Як дона лаблабуро гирифта, шарбаташро афшурда, ба он 100 грамм равғани зайтун ҳамроҳ кунед. Ин нушобаро дили бенаҳор истеъмол кунед. Баъди ним соат як истакон об нӯшед. Муддати муолиҷа як ҳафта. Дар ин муддат бештар шавлаи марҷумон (гречка) ва сулӣ (овёс) истеъмол кунед. Ин даво барои касоне, ки гирифтори бемориҳои гурда мебошанд, тавсия дода мешавад.

Додихудои Ҷомӣ, гиёҳшинос.

Гиёҳдармонии бемориҳои ҷигар ва талхадон

от https://m-davo.tj/

в ГиёҳдармонӣПешгирии бемориҳо

 0

МУОЛИҶАИ ГЕПАТИТИ В ВА С

Бемороне, ки гирифтори Гепатити В ва С мебошанд, бояд дар беморхона муолиҷа кунанд ва ба сифати васоити кўмакрасон чанд нусхаро пешкаш менамоям.

— Оби сабзӣ 3 қисм, оби лаблабуи сурх 1 қисм, оби бодиринг 1 қисм. Инҳоро бо ҳам омехта карда, ҳар рўз аз ин даво истеъмол кунанд.

— 250 грамм решаи каҳзак (хрен)-ро аз мошин гузаронда, дар ним литр оби ҷўш 24 соат бихобонанд. Сипас дар қисмати ҷигар 40 дақиқа компресс (гармбандӣ) намоянд.

— Истеъмоли ҷўшондаи бомус (авёс) низ дар муҷодила ба муқобили илтиҳоботи вирусии ҷигар кўмаки босазо менамояд. Як истакон бомусро шуста, дар 2 литр об муддати 15 дақиқа дар оташи мулоим биҷўшонед ва як пиёлагӣ 3-4 бор дар як рўз истеъмол намоед.

ДАРМОНИ ТАШАММУЪ (СИРРОЗ)-И ҶИГАР

Гирифторони бемории сирроз бояд дар шароити бемористон бо истифода аз дастовардҳои тибби муосир муолиҷа шаванд. Он чӣ дар ин маврид пешниҳод мегардад, танҳо як василаи кўмакрасон ба шумор меравад.

— Решаи чоқла – 10 грамм, решаи коснӣ – 20 грамм, чилбуғум – 20 грамм, буймодарони маҳинбарг – 20 грамм чойалаф ва меваи хулул ҳар кадом 10 граммӣ.

Аз ин таркиб 20 граммро дар ним литр оби ҷўш муддате дам дода, соф кунанд ва рўзе 3-4 маротиба ба андозаи 3 қошуқӣ ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

— Решаи ширинбаён ва решаи анҷибар (геран) – 20 граммӣ, решаи коснӣ – 40 грамм, зираи сиёҳ (чёрний тминь) ва чойалаф ҳар кадом 10 граммӣ. Ин нусхаро низ мисли нусхаи дар боло нишондодашуда истеъмол бояд кард.

— 2 қошуқи майдакардаи зарпечакеро, ки даври гиёҳи коснӣ (цикорий) печида бошад, дар 400 грамм оби ҷўш муддате дар дохили термос дам карда, соф намуда, 50 граммӣ аз ин дамкардаро 3-4 маротиба пеш аз ғизо ё як соат баъди ғизо истеъмол кунед.

ПАРҲЕЗИ ШАХСОНЕ, КИ ҶИГАРИ БЕМОР ДОРАНД

— Чарбии ҳайвонӣ, аз ҷумла чарбии байни пўсту гўшт ва дунба барои ҷигар бисёр зарар дорад. Гўшти моҳиро низ барои ҷигар зарарнок гуфтаанд. Ҳар он чи тезу талх ва бирёнӣ, ғизои шабмонда ва нўшобаҳои саноатӣ аст, барои ҷигари бемор ва заиф зарар дорад.

— Касоне, ки ҷигари танбал доранд, хўрдани оби сабзиро фаромўш накунанд.

— Тути заминӣ аз моддаҳои кимиёии табиӣ хеле ғанӣ буда, барои ҷигар фоидаи зиёд дорад ва агар пеш аз ғизо хўрда шавад, иштиҳо меорад.

— Олуи хушк барои касоне ки ҷигар ва рўдаи танбал доранд, хеле муфид аст. Агар пеш аз ғизои аслии худ вақти наҳору шом 10 донаи онро бихўранд, ба ҷигарашон нафъ мерасонад.

— Як қошуқча аз хокаи тухми гиёҳи бодовард (расторопша)-ро дар ним пиёла об омехта карда, рўзе 3 бор пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

— Касоне ки ба ҳар навъ бемории ҷигар гирифторанд, агар чои рўзонаи худро аз гиёҳони зерин тартиб намоянд, беҳбудии чашмгире насибашон хоҳад гардид: гули садбарг, бодиён, газна, пудинаи боғӣ, меваи хулул ва решаи ширинбаён.

ГИЁҲДАРМОНИИ ЗАРДПАРВИН

— Як қошуқ реша ё пўсти майдашудаи зелолро дар 200 грамм об муддате биҷўшонед ва ин ҷўшондаро дар давоми рўз истеъмол кунед.

— Решаи коснӣ низ ҳамин хосиятро дорад ва тарзи истифодааш мисли нусхаи боло аст.

— Ҷўшондаи пўсти бодиринг дар муолиҷаи зардпарварин кўмак менамояд.

— Ҳамарўза 3 донагӣ бодоми талхро бо асал бихўред. Аз ин миқдор бештараш зарарнок аст.

— Шилми камолро ба андозаи донаи нахўд дар дохили дилаи нон ҷой дода, фурў баред.

— Хўрдани оби сабзӣ, анор, лимў, гашниз, турб, каду ва мош барои беморони зардпарвин хеле муфид аст. Беморон бояд аз тезӣ (тундӣ), бирёниҳо ғизоҳои вазнин ва дерҳазм, равғани ҳайвонӣ ва ғизои консервӣ бипарҳезанд.

БЕМОРИҲОИ ТАЛХАДОН

— Оби ним дона лимўро бо сеяки қошуқчаи чойнўшӣ аз содаи хўрокӣ омехта карда, ба андозаи як қошуқи ошхўрӣ 1-2 маротиба дар як рўз истеъмол намоед. Ин чораи фаврӣ барои таскини дарди шадиди талхадон аст.

— Як дона себи сабзро майда карда, 2 пиёла оби ҷўшро аз болояш бирезед ва муддати 15-20 дақиқа дам дода, як қошуқ асалро илова намуда, баъди ҳар ним соат як қултӣ бинўшед.

— Бемор бояд аз истеъмоли ғизои бирёнӣ, тезӣ, равғанҳои ҳайвонӣ ва машруботи масткунанда ҷиддан худдорӣ намоед.

МУОЛИҶАИ ИЛТИҲОБИ МУЗМИНИ ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (ПАНКРЕАТИТ)

— Як қошуқӣ реша ё пўсти решаи зелол, бўймодарони дуруштбарг, момирон, газна ва ҷағ-ҷағро гирифта, дар як литр оби ҷўш дар дохили термос 1-2 соат дам карда, соф намоед. Ба андозаи 50 граммӣ граммӣ ним соат пеш аз истеъмоли ғизо онро бинўшед.

— Як қошуқӣ хокаи решаи чоқла, пўсти лўбиё, гулу барги газна, пудинаи боғӣ, гули ҳамешабаҳор ва гули бобунаро мисли нусхаи дар боло тайёршуда истеъмол намоед.

— Тибби мардумии русӣ истеъмоли бонус (авёс)-ро пешниҳод менамояд. Тарзи истифодаи он чунин аст:

Ду қошуқ бомусро кўфта, дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷўшонанд. Каме дам дода, рўзе 3 маротиба ним пиёлагӣ, ним соат пеш аз хўрок истеъмол намоянд.

Парҳез: Аз пурхўрӣ, ғизоҳои сахту дерҳазм, машруботи масткунанда, равғани ҳайвонӣ ва тезӣ (тундӣ) худдорӣ бояд кард.

Садриддиншоҳ ҶАЛОЛӢ,

гиёҳшинос, сарвари маркази тибби “Ориён”.

Ғизои рангоранг хўреду солим монед!

от https://m-davo.tj/

в Варзиш ва саломатӣҒизои солим

 0

Истеъмоли ғизоҳои гуногунрангу гуногунтаъм ба қобилияти ҳаётии организми мо нақши муҳим мебозад. Номгўйи чанд витамин, ки пешкашатон менамоем, дар барқарор сохтани қувват, нигоҳ доштани ҷавониву зебоӣ кўмакатон хоҳанд кард.

Рўҳ

Рўҳ (цинк) дар ташаккулёбии лимфоситҳо ва таъсири ҳуҷайраҳои масунияти бадан иштирок мекунад. Ҳангоми норасоии рўҳ масъунияти бадан паст мешавад. Рўҳ дар кунҷиту чормағз хеле зиёд аст.

Кислотаи фолиевӣ – витамини В6

Ин витамин ба заноне лозим аст, ки мехоҳанд фарзанди солим ба дунё оранд. Он барои дуруст шаклгирии системаи асаби ҷанин месоидат намуда, хатари тавлиди тифлро бо ноқисиҳои инкишофӣ пешгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, дучоршавиро ба саратони тухмдонҳо ва ғадудҳои ширӣ пешгирӣ карда метавонад. Витамини В6 дар барги сабзи сабзавот, зардии тухм, моҳӣ, лўбиёгиҳо, банан, чормағз, картошка, ҷигар ва гўшт зиёд аст.

Калсий

Норасоии калсий дар организм ба борикшавию камқувватшавии устухонҳо оварда мерасонад. Ин ноқисӣ ҳангоми афтодан зарбу лат хўрдан ва шикастани устухон оварда мерасонад. Бе калсий дил, рагҳо, мушакҳо ва системаи асаб наметавонанд ҳамаҷиҳата инкишоф ёбанд.

Ин элемент дар гардиши хун ва баэътидоловарии кори ғадудҳои эндокринӣ фаъолона иштирок карда, қодир аст аз организм намак, радионуклидҳо ва дигар металҳоро барорад. Бинобар таъсири антиоксиданти калсий ба вуҷуд омадани варамҳо дар баъзе узвҳо пешгирӣ мегардад.

Калсии беҳтаринро аз панири швейтсарӣ, креветкаҳо, карам ва маҳсулоти ширӣ гирифта метавонед.

Магний

Бояд ҷисми зан аз магний шодоб бошад. Дар сурати норасоии он мубодилаи моддаҳо вайрон мегардад, даври ҳайзбинӣ халалпазир ва қобилияти ҳомиладоршавӣ паст мешавад. Зан тез хаста мегардад ва дар назар ҳамеша хоболуд менамояд. Вақте ки ҷисм аз магний танқисӣ мекашад, рутубат дар ҷисм кам мешавад ва ин ба ҳолати пўст бетаъсир намемонад.

Пўст пурожанг гашта, шахшўлӣ пайдо мекунад. Зиёда аз ин, магний кори майнаи сарро беҳтар гардонида, аз организм зиёдатиҳои холестерини «бад»-ро мебарорад. Чормағз, гречка, ҷав ва зайтун аз магний боянд.

Витамини С – кислотаи аскорбин

Аз ин витамин ҳолати дандонҳову пўст, ташаккулёбии ҳуҷайраҳои хун, кори рўдаҳо ва системаи масъуният вабастагии калон дорад. Вақте ки организм аз он танқисӣ мекашад, мо хастаҳол ва қаҳролуд мешавем. Пўстамон хушк шуда, мўйи сарамон бошиддат мерезад. Витамини С дар меваҳои ситрусӣ, брокколи, киви, смородинаи сиёҳ зиёд аст.

Витамини Е

Токоферолро витамини зебоӣ меноманд. Он аз антиоксидантҳои пурқувват иборат аст. Витамини Е ҳуҷайраҳои мембранаро қувват медиҳад, ки аз он ҳолати мўю пўст беҳ мегардад. Ин витамин дар равғани растанӣ, гандум, барги сабзавот, донаи офтобпараст, чормағзу лўбиёгиҳо зиёд аст.

Оҳан

Оҳан барои баланд намудани гемоглобин – сафедае, ки кислородро ба ҳар ҳуҷайраи организм мерасонад, зарур мебошад. Ҳангоми норасоии оҳан камхунӣ ба амал меояд.

Барои организми худро аз ин витамин бой намудан бештар ҷигар, гўшти сурх, гречка хўред.

Омодасоз Ҳусния Ҳафизова

Ғизоҳое, ки дар тобистон набояд хўрд!

от https://m-davo.tj/

в Ғизои солим

 0

Тобистон фасли пурфайзу бобаракат буда, дар он меваю сабзавоти гуногун пухта, зеби дастархон мешаванд. Бо маќсади ҳифзи саломатӣ ғизоҳое ҳастанд, ки дар тобистон нахўрданашон беҳтар аст, зеро хўрок бо таъсири гармии аз 30 дараҷа боло дар муддати кўтоҳ вайрон шуда, ба заҳр табдил меёбад. Алалхусус, ғизоҳои  зерин тезвайроншаванда буда, дар фасли гармо худдорӣ аз онҳо беҳтар аст.

1.Хўришҳои майонездор

         Мўҳлати нигоҳдории хўриш (салат)-ҳои майонездор набояд аз 6 соат зиёд бошад. Аммо дар ошхона ё тарабхона имкони санҷидани кай тайёр кардани хўриш мавҷуд нест. Ҳар ќадар сабзавоти хўришҳо хурдтар реза карда шуда бошад, ҳамон ќадар зудтар вайрон мешаванд. Духтурон муайян кардаанд, ки микробҳо ва чўбчаҳои  сироятӣ дар маҳсулоти хушк, намакдор ва калон резашуда тез афзоиш карда наметавонанд.

Агар дилатон хўриши майонездор бикашад, беҳтараш дар хона тайёр намуда, тару тоза истеъмол кунед.

Кабоб (шашлик) ва мурғбирён

         Баъзан аз сабаби зиёд будани мизоҷон кабоб то охир нопухта, нимхом ба табаќ  гузошта мешавад. Хўроки нимхом метавонад сабаби заҳролудшавӣ гардад. Дар гармӣ кабоб ва мурғбирён баъди ду соати тайёр шудан ба вайроншавӣ сар мекунанд. Умуман, ғизои гўштдорро дар тобистон кам истеъмол кардан беҳтар аст.

3.Йогурт ва самбўсаву пирожки

         Ҳар дуюмин кўдаке, ки тобистон гирифтори шикамрав мешавад, сабабаш истеъмоли йогурт ё дигар маҳсулоти зудвайроншаванда мебошад. Аз ин рў, чунин маҳсулотро дар хона тайёр кардану зуд истеъмол кардан беҳтар аст.

Зимни харидани яхмос низ эҳтиёт бояд шуд. Агар он обшуда ба назар намояд ё мўҳлати истеъмолаш маълум набошад, беҳтараш нахаред. Дар ҳавои гарм маҳсулоти  ќаннодии кремдорро низ нахаред, зеро ин гуна маҳсулот низ дар гармӣ тез вайрон мешавад.

4.Тухмбирён

         Тухм яке аз маҳсулоти зудвайроншаванда буда, метавонад  боиси бемориҳои шадиди рўда шавад. Фаромўш накунед, ки пеш аз истеъмол тухмро бо оби гарм шустан лозим аст. Шумо аз куҷо медонед, ки дар ошхона, ќаҳвахона , тарабхона ин ќоидаро риоя кардаанд. Аз ин рў, агар дилатон тухмбирён кашад, худатон ќоидаҳои зикршударо риоя карда, дар хона тайёр намоед.

5.Моҳӣ

         Моҳии мўҳлаташ гузашта яке аз хатарноктарин маҳсулоти ғизоӣ аст. Дар ин бобат моҳии баҳрӣ нисбат ба моҳии дарёӣ камхатар аст, зеро оби шўри баҳр баъзе микроорганизмҳои бемориоварро нобуд мекунад. Моҳиро низ баъди тайёр шудан ба зудӣ истеъмол кунед, зеро аз сабаби бўи махсус кардани моҳӣ мумкин аст, ки моҳии ба вайроншавӣ оғознамударо пай набаред.

С.АМИНИЁН

Давои дарди меъда

от https://m-davo.tj/

в Гиёҳдармонӣ

 0

Агар дар меъда бод фароҳам омада бошад, омадани оруғи бисёр, қароқур кардан ва дамиши шикам рўй медиҳад. Аз ҷониби чап дард пайдо мешавад.

— Се шохи наъноро (пудинаи боғӣ)-ро кўфта, бо оби анор биёшоманд, дарди меъдаро дафъ мекунад.

— Аз 12 то 18 рўз пайваста арпабодиёнро як каф бо як пиёла оби ҷўшомада биёшоманд, ё чой карда бинўшанд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

— Ҳар рўз нўшидани 150 грамм шарбати сабзӣ нафъ мерасонад.

— Ҳафтае як бор пеш аз хоб ба миқдори нахўд мумиёро бо як қошуқ равғани зард бихўранд, шифо меёбанд. Муддати табобат то ба чор моҳ.

— Ҳар рўз ду мисқол (10 грамм) барги хушки мармаракро кўфта, бо чой биёшоманд, дарди меъдаро таскин медиҳад.

— Агар аз захми меъда хун равон бошад, самара (ғўра)-и зиркро як каф дар оби ҷўшомада тар карда, каф зада, бо асал биёшоманд, хунравӣ манъ мегардад ва қиёми зирк низ ҳамин хосиятро дорад.

— Истеъмоли бо меъёри маска, асал, равғани зард, хомшўрбо, қаймоқ, зардии тухми нимпухтаи мурғ давоест хубу беҳтарин.

— Барои захми хуншор шарбати зуф бо печак дар омехтагӣ бо асал рўзе 40-50 грамм ду маротиба дар дили холӣ (субҳу шом) ду соат пеш аз хўрок биёшоманд, шифо хоҳанд ёфт. Муддати табобат як моҳ.

— Агар дард ё захм аз баландии туршӣ бошад, аз таомҳои турш, шўр, тез, ширини баланд, чакаю дўғоб, ҷурғот ва сахту лўбиёгӣ бипарҳезед.

ДАРДИ САРИ МЕЪДА

Агар ин дард сахт шиддат кунад, бемор беҳуш мешавад. Сабаби ин дард пайдоиши ҳарорат дар даҳони болои меъда ё рехта шудани хилти сафровӣ (зардоб) бо он мавзеъ. Аломати ғалабаи ҳарорат ташнагӣ, хушкии даҳон ва орўғи бўйнок аст. Аломати дигар зард гаштани забон ва талхии даҳон.

ДАВО:

—  Ду дирам тухми испаноҳро кўфта бихўранд.

— Як каф барги соидаи наъноро бо як пиёла об ду соат пеш аз наҳор то ба 12 рўз биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

— Ҳар субҳ ду соат пеш аз наҳор то ба 12 рўз ва зиёда аз як дирам (5 грамм) санои маккиро бо обе, ки дар он кокутӣ ҷўшонида шуда бошад, бихўранд.

— Равғани зағирро аз рў ба сари меъда ва бар дил доимо бимоланд, дарди сари меъдаро даво мешавад.

— Решаи офтобпарасти тару тозаро кўфта, обашро гирифта, ду мисқол (10 грамм) то ба 10 рўз бинўшанд, манфиат меорад.

— Ҳар рўз 5 мисқол (25 грамм) райҳони хушкро дар об ҷўш дода, он обро биёшоманд, нафъ мерасонад.

— Мавизи сиёҳро рўзе 4 мисқол (20 грамм) бардавом истеъмол кардан меъдаро боқувват мекунад. Анҷири тару тоза низ ҳамин хосиятро дорад.

— Обу ҳавои тоза, хотири ҷамъ, вақти хуш, бўйи гуворо, манзараҳои зебо, ибодати бардавоми Худои таъоло, шунидану тиловати оятҳои раҳмонӣ ҷисму рўҳро қувват мебахшанд.

Муҳаммадрасули ИБРОҲИМЗОДА,

табиби мардумӣ, деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат

Маҳсулоти гуногунро чӣ тавр дуруст истифода бурдан мумкин аст?

от https://m-davo.tj/

в Ғизои солим

 0

Махфӣ нест, ки бисёр моддаҳо дар омехтагӣ бо моддаҳои дигар самараи бештар доранд. Маҳсулоти ғизоӣ низ ба ҳамин монанд аст. Маҳсулоти гуногуни якҷоя истеъмолшуда нисбат ба алоҳида истеъмолшуда саломатиро беҳтар мегардонад.

Бар зидди камхунӣ

Камбуди оҳан барои коркарди гемоглобин боиси хастагии доимӣ ва аз даст додани қобилияти меҳнат мегардад. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ху­роки дар таркибаш оҳани зиёддоштаро бо витамини С якҷоя истеъмол кардан ба манфиати саломатӣ аст. Бо ин мақсад кадом намуди ғизоро тайёр кардан мумкин аст? Пеш аз ҳама, гўшти гов ва маҳсулоти субтропикиро якҷоя тайёр карда хур­дан манфиати калон дорад. Бо мақсади хуштамъ шудани хўрок ба он помидор ва қаланфури булғорӣ ва пораҳои меваҳои ситрусиро омехта карда, зирбондан лозим аст. Ба мўҳлати тулонӣ ба намак хобондани меваю сабзавот боиси вайрон шудани таркиби витамини С мегардад.

Барои пурзўр кардани қувваи биноӣ

Бо ин мақсад витаминҳои Е ва С-ро бо ҳам омехта истеъмол кардан манфиат дорад. Витамини Е халалдоршавии ҳуҷайраҳоро пешгирӣ карда, витамини С самараи антиоксиддантӣ ва антикансерогениро пурзўр мена­мояд. Витаминҳои мазкурро бо ғизои аз картошкаи дар равғани растанӣ пухташуда ё салати мевагии ситрусӣ, чормағз ва офтобпараст иловашуда омехта истеъмол мекунанд.

Карам — зидди инсулт ва атересклероз

Кислотаҳои равғандор холестеринро паст карда, деворҳои рагҳоро пурзўр ме­намоянд ва бо ҳамин сабаб хатари рушд ёфтани атеросклероз ва бемории ишемии дилро кам мекунанд. Самараи кислотаҳоро витамини К, ки пайдоиши лахтшавии хун дар рагҳои дилро пешгирӣ менамояд, боз ҳам беҳтар мегардонад. Бо мақсади беҳтар шудани самараи ду моддаи мазкур аз карам истифода мебарем, ки он манбаи витамини К аст. Моддаҳои мазкурро бо равғани растанӣ ё донагиҳо омехта карда пухта истеъмол намудан манфиат дорад.

Душмани зуком ва вирусҳо

Витамини А якҷоя бо синк (рўҳ) ва протеини сабукҳалшаванда – моддаи табиӣ барои истеҳсоли ҳуҷайраҳои иммунӣ дар мубориза бо инфексияҳо дармони беҳтарин аст. Дар байни сабзавоте, ки дар таркибашон витамини А зиёд аст, сабзӣ сабзавоти беҳтарин аст. Сабзӣ метавонад 60 фоизи меъёри шабонарўзии талаботи ҷисми инсон ба витамини А-ро таъмин гардонад. Манбаи беҳтарини синк (руҳ) бошад, гушти мурғ аст. Бинобар ҳамин ғизои аз гўшти мурғ ва сабзӣ пухташуда барои пурзўр шудани қобилияти инсон бар зидди зуком ва инфексияҳо дармони беҳтарин аст.

Табобати бемориҳои қабзият захми меъда ва кирмсорӣ.

от https://m-davo.tj/

в Гиёҳдармонӣ

 1

МУОЛИҶАИ ҚАБЗИЯТ. Ин бемориро дар байни халқ «сахтшавии дарун» меноманд. Ба ин беморӣ дар ҳама синну сол гирифтор шудан мумкин аст. Қабзияти кўдаки хурдсол аз он далолат медиҳад, ки ў дар меъдаи худ ягон норасоии модарзодӣ дорад. Қабзият ин нишонаи бемориҳои рўдаю меъда аст.

Ҳангоми қабзияти доимӣ ва гастрит ҳар рўз ду бор истеъмоли 50 граммӣ кўфтаи тухми кунҷид дардҳои мазкурро шифо мебахшад.

Рўзе се маротиба истеъмол кардани як қошуқӣ равғани сиёҳдона қабзиятро рафъ менамояд.

Истеъмоли як қошуқ равғани зайтун дар меъдаи холӣ низ боиси рафъи қабзият мешавад.

Истеъмоли олу барои иллати қабзиятдоштагон хеле муфид мебошад.

Омода кардани ғизо ва хўриш аз испаноҳ (испанок) сахтшавии дарунро ба ибро медарорад.

Хўрдани зардолу барои иллати қабзиятдоштагон хеле муфид аст. Ҳангоми иллати қабзият ҳар рўз истеъмол намудани ду дона афлесуну ду дона себи сабз ниҳоят фоиданок аст.

Агар қабзият бо ягон доруву усули дигар шифо наёбад, ба асбоби ҳуқна (клизма)-кунанда ним литр оби ҳарораташ баробари ҳарорати баданбударо андохта бо он ҳуқна (клизма) бояд кард. Бо ҳамин тарз рўзи дуюм бо як литр ва рўзи сеюм бо ду литр об ин амалро такрор намудан лозим аст. Ба об каме сода илова кардан беҳтар аст.

ЗАХМИ МЕЪДА. Як-ду карамро гирифта, қима карда, миқдоре шарбати онро ҷудо намоед. Сипас гузоред, то он хушк гардад. Агар ин ордаки карамро бо таносуби як ба як бо шакару шир омехта намуда, ҳангоми гастрити доимӣ ва захми меъда дар як рўз се бор як-ду чумчаи чоӣ ба ним истакон об андохта, истеъмол кунанд, иллатҳои мазкурро аз байн мебарад. Сад грамм гулбаргҳои зарпоша (пуганак, пижма)-ро бо 150 грамм асал омехта, як ҳафта дар яхдон монед. Сипас аз ин таркиб ба миқдори як чумчаӣ рўзе се бор ҳангоми захми меъда, гастрити меъдаи туршиаш паст, шамолкашии рўдаҳо, исҳол, фишорбаландӣ, варамҳои навпайдошудаи саратонӣ ва дарди қафаси сина истеъмол намоед, дардҳои мазкурро шифо мебахшад.

Ҳар рўз ба андозаи як буғуми ангушти даст барги сабр (алоэ)-ро хоида, обашро фурў бурда гардед, бисёр иллатҳои меъдаву рўдаро ба ҳам оварда сиҳат менамояд ва захмҳоро нест мекунад.

Як-ду дона картошкаро гирифта, ба об андохта бе иловаи намак ҷўшонида, пас аз он дар як рўз се бор ним истаконӣ истеъмол намоед, захми меъдаро шифо мебахшад. Нўшидани шарбати он низ ҳамин таъсирро дорад.

Як чумчаи калон гули бўимодарони дуруштбаргро ба ним литр оби ҷўш ба термос андохта, дам намуда, онро чун чой нўшида гардед, барои иллати захми меъда нафъи азим дорад.

Дарахти санавбар (сосна) дар ҷойҳои буридаи шохаш шилм пайдо мекунад. Ин шилмиксири бебаҳои захмҳои гуногуни меъдаю рўда мебошад. Шилми кўҳнаи он сахту шах мешавад, ки қобили кўфтан аст. Аз орди ҳамин шилм як муддат ба андозаи як чумчаи хурд истеъмол намоянд, тамоми намудҳои захми меъдаву рўдаро шифо мебахшад.

Як миқдор решаи сиреши кўҳиро, ки хушк шуда бошад, гирифта кўфта, ба он як миқдор кўфтаи шилми санавбарро ҳамроҳ карда истифода баранд, захмҳои гуногуни душворилоҷи меъдаву рўдаро ба тарзи аҷиб шифо мебахшад.

КИРМСОРӢ. Агар писарбачаи майда кирму гиҷҷа дошта бошад, ба он ҳар рўз мағзи тухми кадуро бидиҳанд, кирми гиҷҷааш меафтад.

30 грамм решаи анори туршро талқон карда, бо оби гарм як муддат фурў бурда гарданд, кирмҳоро аз дохили шикам ба тезӣ хориҷ менамояд.

Рўзе се маротиба истеъмол кардани як чумчаи хурд талқони кўфтаи донаҳои лиму бо оби гарм кирмҳоро аз бадан берун мекунад.

Ҳар рўз як чумча биринҷи хомро хоида фурў бурдан намудҳои гуногуни кирмро мерезонад.

Ҳар рўз истеъмол кардани 5-10 грамм кўфтаи мағзу донаи олу намудҳои гуногуни кирмро нобуд месозад.

Касе ки аз кирми меъда азият мекашад, ҳар рўз як донача сирпиёзро истеъмол карда гардад, ҳамаи намуди кирмҳояш нест мегардад.

Як сар (бех) сирпиёзро дар ним литр об ҷўшонида, аз он об ҳар рўз се бор 50 граммӣ нўшида гарданд, кирмҳои шикамро меафтонад.

Чой карда нўшидани баргу гулҳои бўимодарон кирму гиҷҷаҳои шикамро мерезонад.

Зарпоша (пуганак, пижма) дар таъсир мисли талхшибоғ (тахач) буда, ҳангоми кам-кам аз он истеъмол карда гаштан аксари намуди кирмҳоро меафтонад.

Агар кас ним истаконӣ, дар як рўз се бор ним соат пеш аз таом як муддат карами туршонидашударо истеъмол карда гардад, кирми ҷигар-лямбларо меафтонад.

Ҳеҷ як гиёҳ дар бартарафу нест кардани кирму гиҷҷа мисли талхшибоғ нест. Истифодаи ин гиёҳ дар кадом намуд набошад, ҳамаи намудҳои кирму гиҷҷаи ҷисмро нобуд ва нест мекунад. Метавонед як чумчаи хурди онро дар як истакон оби ҷўш дам карда, аз он дар давоми рўз як қулт, як қулт нўшида гардед. Ҳамчунин, дар нўги чумчаи хурд ордаки кўфтаи онро ба даҳон андохта фурў баред. Хулоса истифодаи таркиби аз талхшибоғ тайёр кардашуда, на танҳо кирмҳоро кушта хориҷ мекунад, балки ба бисёр иллатҳои ботинӣ давои беҳамто мегардад. Танҳо ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки маззаи он бисёр талх буда, ҳамчунин фишори хуни касро паст менамояд. 

Агар гиёҳҳои чойкаҳак (звербой), ширинбия (солодка), барги зуф (подорожник), хуҷаста (календула), бўйимодарон (тысячелистник), бобуна (ромашка), муғҷаи дарахти тўс (берёзовие почки), зарпоша (пижма), талхшибоғ (горкий полин)-ро ба ҷои чой дар таркиби ғизои ҳаррўза дохил намоед, рафта-рафта ҳамаи намудҳои иллати меъдаву рўда ва дигар бемориҳои ба ин узвҳо вобастаро нест мекунад.