Г.К. МИРОЖЕВ. ГЕПАТОЛОГИЯ (КЛИНИЧЕСКИЕ ОЧЕРКИ)
МИРОДЖОВ Г.К., ОЛИМЗОДА Н.Х.,
АЛИМОВА Н.А. НЕАЛКОГОЛЬНАЯ ЖИРОВАЯ БОЛЕЗНЬ ПЕЧЕНИ
Достижения 2023
Навовариҳои МД «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон»дар нуҳ моҳи соли 2023
1. Дар асоси муайян намудани норасогии сафедавию энерҷӣ беморони сиррози ҷигар якумин шуда дар заминаи ғизоҳои ватанӣ пархезии нав коркард гардид, ки истифодаи он ин норасогиро барқарор намуда, яке аз оризаҳои вазнини сирроз — энсефалопатияро пешгири мекунад. Ин парҳезӣ барои тасдиқ ва истифодабари ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мегардад.
2. Муайян карда шуд, ки вируси гепатити Д ҳам бо усули ко- ва ё суперинфексия бештар (70%) дар ҳолати набудани е-антиген, яъне HBеAg-негативӣ ба амал меояд, ки чунин гепатитҳо ҷараёни вазнин дошта ба сиррози ҷигар оварда мерасонанд. Дар ҳолати сироятёбии вируси Д ба вируси HBeAg-позитивӣ (30%) нестшавии е-антиген ба амал омада ин вирус ба вируси мутантӣ табдил меёбад ва ё пурра нест шуда ҷараёни гепатитро худи вируси Д ба зимма мегирад.
3. Табобати гепатит ва сиррози ҷигир бо сабаби вируси В бо нуклеозидҳо на фақат барои нест кардани ДНК-аи вирус, балки барои пурра аз байн бурдани HBsAg равона карда шудаанд, ки он мўҳлати дурру дарозро (аз 2 то 5 сол) талаб мекунад, ки ниҳоят барои беморон гаронарзиш аст. Якумин шуда муайян карда шуд, ки дар давоми 3 ё 6 моҳи табобат агар миқдори HBsAg то 10 воҳиди байналмиллалӣ кам шаваду, IgM-антиHBc муайян нагардад, пас табобатро қат кардан мумкин аст.
4. Истифодаи доруҳои мустақимтаъсири зидди вируси С барои табобати гепатити музмини ва сиррози ҷигар нишон дод, ки гарчанде онҳо РНК-аи вирусро нест кунанд ҳам, аммо баъди 3-5 соли табобат дар баъзе беморони ҷараёни беморӣ бо пайдоиши саратони ҷигар оварда мерасонад. Дар чунин беморон РНК-аи вирус нест шуда бошад ҳам, аммо сафедаҳои сохторию ва ғайрисохтории он мавҷуданд ва онҳо метавонанд сабабгори пайдоиши карсиномаи ҷигар гарданд. Бинобар ин баъди табобати гепатиту сиррози ҷигар бо сабаби вируси С бояд на фақат нестшавии РНК-аи вирус, балки сафедаҳои сохторӣ ва ғайрисохтории он ба назар гирифта шавад.
5. Омузиши ситокинҳои илтихобӣ дар пайдоиши фибрози ҷигар нишон дод, ки омили некрози омос (ОНО) ва интерлейкини G (ИЛ-6) барои авҷ гирифтани сиррози ҷигар ва зиёд шудани миқдори фиброз роли калонро мебозанд. Бинобар ҳамин барои паст намудаи сатҳи хуруҷи сирроз ва фибрози дар ҷигар истифодаи доруҳои зиддиситокинӣ муфиданд.
6. Нуфузи осёби ҷигар ҳангоми Covid-19 вобаста аз вазнинии беморӣ омухта шуд. Маълум гардид, ки дар 57,3% беморони гирифтори Covid-19 вайроншавии ҷигар дида мешавад. Дисфунксияи ҷигар бештар дар беморони вазнин мушоҳида шуд, ки оқибатҳои хуб надошт. Осёби ҷигар ҳангоми Covid-19 бо таъсири мутаносибии вирус ба ҷигар, вокуниша иммунологӣ, сепсис, буҳрони ситокинӣ ва таъсири номатлуби доруҳо ба амал меояд. Дар зиёда аз 20% беморон стеатози ҷигар мушоҳида шуд, ки сабаби вазниншавии ҷараёни Covid-19 ва марги беморон мегардад.
7. Якумин шуда патогенези гастрити шадиди геморрагӣ омўхта шуд, ки дар пайдоиши он роли асосиро намудҳои вирулентии H.pylori мебозанд. H.pylori пардаи луобии меъдаро хароб намуда, ба капиллярхо ворид гашта гемоглобини хунро барои таҷдиди худ истифода мебарад, ки он сабабгори хунрезиш, илтихоб ва анемия мегардад. Барои пешгирӣ ва табобати гастрити геморрагӣ ба ғайр аз доруҳои зиддихеликобактерию, гастропротекторӣ, зиддианемӣ ҳам лозиманд.
8. Хатари пайдоиши бемориҳои музмини меъдаю руда дар ашхосе, ки 6-9 моҳ пештар баCOVID-19 гирифтор будан, бештар аст. Дар 30 % беморон нишонаҳои клиникавии синдроми рудаи ҳассос ва дар 15% онҳо синдроми диспепсия дида шуд. Омилҳои пайдоиши бемориҳои баъдиковидии меъдаю руда мавҷудияти исҳол, дарди шикам, анорексия, аносмия ва агевзия ҳангоми уфунати шадиди короновирусӣ мебошанд. Бемориҳои ҳамрадиф, одатҳои зарарнок ва дарачаи вазнинии ҷараёни COVID-19 ба пайдоиши бемориҳои баъдиковидии узвҳои ҳозима таъсир намекунанд. Оқибатҳои руҳиву асабии COVID-19, ба монанди мондашавӣ, депрессия, ҳасоссияти баланд, ноҷурӣ ва бекайфиятӣ ба алоқаи мутақобилаи мағз ва руда таъсири манфӣ расонида, сабаби ихтилолоти руда ва пайдоиши синдроми рудаи ҳассос мегардад. Афзоиши миқдори калпротектин ва серотонин, вайроншавии ҷаббиши руда ва тағироти микробиота рудаҳо дар натичаи таъсири бевоситаи вирус ва истифодаи давомноки антибиотикҳо низ дар пайдоиши баъдинаи бемориҳои баъдиковидии узвҳои ҳозима нақши муҳимро иҷро менамоянд.
9. Усули дарзи дусатҳиии мутаасили дақиқ ҳангоми ташаккули ёфтани гастродуоденоанастамози кундаланг дар беморони дорои стенози пилородуоденалӣ, ки ҳамчун ихтироъ эътироф шуда дар истехсолот татбик гардид (МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, Гувоҳномаи пешниҳоди беҳсозон №3502/R990 аз 13.01.2023 с.).
10. Усули дуоденопластика бо дарзи дусатҳии мутаасили дақиқ дар табобати ҷарроҳии стенозҳои решдори дуоденали, ки ҳамчун ихтироъ эътироф шуда дар истехсолот татбик гардид (МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, Гувоҳномаи пешниҳоди беҳсозон №3503/R991 аз 13.01.2023 с.).
11. Усули ташаккул ёфтани гастродуоденоанастамози кундаланг дар беморони дорои дуоденостенози хадшавӣ-решӣ аз дастраскунии мини-лапаротомӣ, ки ҳамчун ихтироъ эътироф шуда дар истехсолот татбик гардид (МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, Гувоҳномаи пешниҳоди беҳсозон №3503/R991 аз 13.01.2023 с.).
12. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8 амалиёти ҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам:
— бо истифода аз дастгоҳи муосир Лигашу (бурриши идеалии нимаи чапи ҷигар оид ба эхинококкоз;
— энуклеатсияи гиреҳи гемангиоматозӣ;
— аппендэктомияи лапароскопӣ бе бастани бунчаи рўдаи кирмшакл;
— бурриши панкреатодуоденалӣ оид ба захми рўдаи дувоздаҳангушта бо гузариши пурра ба сараки ғадуди зери меъда бо оризаи стеноз ва панкреатити варамӣ;
— спленэктомия;
— бурриши субтоталии меъда;
— редуоденизатсия ва тармими носури рўдаи дувоздаҳангушта бо лавҳаи девораи чархак рўда;
— кафшери носури бронхии эхинококкози шуши рост гузаронида шуд. Истифода аз усули бедарзи ЛигаШу имкон медиҳад,ки дар баробари камхарҷ намудани арзиши аслии ҷарроҳӣ, оризаҳои истифодаи ришта, хунравии айёми ҷарроҳӣ, давомнокии ҷарроҳӣ ва мўҳлати табобати баъдиҷарроҳии беморон коҳиш ёбад.
13. Дар давраи ҳисоботи натиҷаи 144 ҷарроҳии саратони ҷигар аз ҷониби профессор Аҳмадзода С.М. дар симпозиуми ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино бо иштироки хориҷиён, бахшида ба 70–солагии хизматрасонии соҳаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон маърўза гардид.
14. Кормандони пажуҳишгоҳ д.и.т. Кадыров Д.М., д.и.т. Қодиров Ф.Д., н.и.т. Табаров З.В. ва Сайдалиев Ш.Ш. муаллифони таснифи илмии оризаҳои вобастаи бемории реши рудаи дувоздаҳангушта “Классификация сочетанных осложнений язвенной болезни двенадцитиперстной кишки” мебошанд (Шаҳодатнома барои ба қайд гирифтани асарҳои илм, адабиёт ва санъат, №157 аз 22.02.2023 с.).
15. Дастурамали методӣ “Нақши фарбеҳӣ дар пайдоиши бемориҳои узвҳои ҳозима” ба Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардид.
16. Кормандони пажуҳишгоҳ (Мироҷов Ғ.Қ., Авезов С.А., Қукбонов М.Қ. ва ғ.) соҳиби 1 нахуст патент “Маводи “ГАСТРОФОР” дорои ҳосияти гастропротекторӣ барои пешгирӣ ва табобати гастрити атрофикӣ, анасидӣ ва гиписидӣ” (№1360 TJ аз 31 марти соли 2023) гардидаанд.
17. Дардавраи ҳисоботӣ 1 шумораи маҷаллаи «Проблемаҳои гастроэнтерология» (6 мақола) нашр гардид ва 2-юм шумораи маҷалла бо 5 мақолаи илмии кормандон барои нашр пешкаш гардид. Дар ин муддат боз 11 мақолаи илмии кормандон дар дигар маҷаллаҳо — “Известия НАН” — 1 мақола, “Нигахдории тандурустии Тоҷикистон” — 1 мақола, “Наука и инновации” — 2 макола, Международный исследовательский центр “Endless Light in Science» — 1 маколаи байналмилалӣ (Ҷумҳурии Казоқистон), «Авҷи Зуҳал” – 1 макола ва 5 мақола дар маҷаллаи “Вестник Таджикского педогогического унивеситета (естественные науки)” ва зиёда аз 20 фишурда ба ҳафтаи гастроэнтерологҳои Россия, ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва ғ. барои нашр пешниҳод гардид.
Барномаи ихтисоси аввалия даруннигори