ОСОРХОНАИ АКАДЕМИК Ҳ.Ҳ.МАНСУРОВ
Академик Ҳ,Ҳ, Мансуров асосгузор ва аввалин роҳбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии кишвар буда, дар ташаккул ва густариши илму амалияи соҳаи гатроэнтерология на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ саҳми босазо гузоштааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ аввалин чунин як маркази илмию таҳқиқотӣ нахуст дар Тоҷикистон (1959) ва баъдтар дар Днепропетровск ва Маскав таъсис ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Хизмати академик Ҳ,Ҳ, Мансуров дар бобати таълим ва тарбияи миқдори зиёди шогирдон ва ба арсаи ҷаҳонӣ бардоштани симои тибби муосири тоҷик низ назаррас аст.
Ба таърихи 25 декабри соли 2019 дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоии ахолии ҶТ осорхонаи академик Ҳомид Ҳусейнович Мансуров ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Ба ин муносибат ҷаласаи васеи ҳайати кормандон ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ доир гардида буд, ки онро бо сухани муқаддимавӣ доктори илмҳои тиб Саодат Азимзода ҳусни оғоз бахшид. Академик Ғ.К.Мироҷов дар бораи зиндагиномаи академик Мансуров, хотираҳои неки ҳамкорӣ ва мактаби илмии соҳибҷашн ва доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов доир ба аҳамияти омӯзиши зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ибрози назар намуданд.
Ифтитоҳи осорхона ба зодрӯзи академик Ҳ,Ҳ, Мансуров ихтисос дода шуда, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки чунин иқдом натиҷаи сиёсати роҳбарияти сиёсии кишвар, махсусан фармудаву ҳидоятҳо ва нишондодҳои пайвастаи пешвои миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати бузургдошти хотираи неки фарзандони фарзонаи кишвар мебошад. Ба ибораи Пешвои миллат, «Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувийят, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллати хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ ва чеҳраҳои баргузидаи илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёб намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси фатандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».
Воқеан ҳам, чуноне ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳи мебошад, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Д.- 2016).
МД “ПАЖӮҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Бо назардошти зарурият ва ҳалли проблемаи паҳншавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, дар аввали солҳои 60-ум, Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология бо сарварии академик Ҳ.Ҳ. Мансуров таъсис дода шуд, ки аввалин пажўҳишгоҳи соҳавии илмӣ-амалӣ оиди омузиши бемориҳои узвҳои ҳозима дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд. Дар 16-ум ҷаласаи уммумииттифоқии терапевтҳо (Москва, 1965) пажўҳишгоҳ ҳамчун маркази илмии гастроэнтерология дар собиқ Иттиҳод тасдиқ карда шуд.
Пажўҳишгоҳ дар омўзиши масъалаҳои мубрами гепатология ва гастроэнтерология, аз он ҷумла аҳамияти биопсияи ҷигар, норасоии ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемориҳои вирусӣ ва алкоголии ҷигар, мавқеи гормонҳои стероидӣ дар табобатии бемориҳои музмини ҷигар, муолиҷаи ассит ҳангоми сиррози ҷигар, бемориҳои камвохуранда ва душвор ташхисшавандаи узвҳои ҳозима, колити захмӣ, бемории санги талхадон саҳми бузург гузоштааст.
Соли 2000 директори институт акад. Г.К. Мироҷов интихоб гардид. Дар солҳои 2000-2013 пажўҳишгоҳ дар омузиши гепатитҳои музмин, сирроз ва саратони ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемории чарбии ғайриалкоголии ҷигар, давраҳои аввали пайдоиши санги талха ва бемориҳои ба H.pylori вобаста нақши назаррас гузошт.
Соли 2014 директори пажўҳишгоҳ Азимзода С.М. таъин гардид, ки корҳои илмии устодони худро, ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави ташхисӣ ва табобатӣ бо истифода аз таљњизоти мављуда ба ташхиси беморињои мураккаб ва нофањмо ба дигар муассисањои тиббї давом дода, ёрї мерасонад. Дар солњои охир пажўњишгоњ аз њисоби маблаѓњои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон ва маблаѓњои дохилї пажўҳишгоҳ батадриҷ бо дастгоҳҳои муосири замонавӣ таҷҳизонида шуда истодааст.
Дар ин муасисса омўзиши ташхиси фиброэластография (бо дастгоњи фиброскан) барои муайян намудани дараљаи фибрози љигар, даруннигории капсулӣ (капсульная эндоскопия), видеоэндоскопия, дастгоњи тамизгардонии эндоскопњо, дастгоњи фаросадо, колоноскоп, асбоби тести нафасї барои муайян намудани Helicobacter рylori, эндоҷарроҳӣ ва ғайра гузаронида мешавад, тамоми озмоишгоҳҳо бо технологияи ҳозиразамона пайваст мебошад аз љумла бо анализаторҳои гемолитикӣ ва биокимиёвӣ, уроанализатор муҷаҳазонида мебошад.
Пажўҳишгоҳ бо олимон ва марказҳои илмии Россия, ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Ҷопон да дигар мамлакатҳо робитии илмӣ дорад. Олимони пажўҳишгоҳ ба ҳайси намояндаи илми гастроэнтерологияи тоҷик дар конгрессҳо, симпозиумҳои миллӣ ва байналмиллалӣ дар Москва, Токио, Париж, Лондон, Копенгаген, Вена, Рим, Амстердам ва ғайра иштирок менамоянд.
Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология маркази илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ-методӣ, машваратӣ, клиникавӣ ва омузишӣ мебошад. Пажўҳишгоҳ сармуассисаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди проблемаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои асосии пажўҳишгоҳ расонидани ёрии тахассусии гастроэнтерологӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ, омузиши проблемаҳои минтақавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, пешниҳод ва дар амалия ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави ташхисӣ ва табобатӣ мебошад. Дар айни замон дар амалишавии нақшаи корҳои илмӣ ва табобатӣ 42 нафар кормандони илмӣ (аз он ҷумла 1 академик, 1 аъзо-вобаста, 9 доктори илмҳои тиб, 27 номзади илм ва 16 табибон) ширкат меварзанд.
Дар пажўҳишгоҳ ёрии гастроэнтерологӣ дар самтҳои зерин расонида мешавад:
– ташхиси бемориҳои ҷигар ва талхадон бо истифодаи усулҳои таҷҳизотӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, вирусологӣ ва морфологӣ;
– ташхиси бемориҳои меъда ва руда бо истифодаи усулҳои эндоскопӣ, рентгенологӣ ва морфологӣ;
– табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима дар асоси дастовардҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ;
– истифодаи усулҳои аз таҷҳизотҳои муосир (эндовидеоҷарроҳӣ, бастани варидҳои васеъшудаи сурхруда (легирование) ва ғайра.
Пажуњишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Низомнома, ки онро Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тасдиќ намудааст ба роњ монда, ба ањолї барои расонидани хизматрасонии тиббї оид ба пешгирї, ташхис ва табобати беморињои узвњои њозима дар асоси дастовардњои пешќадами соњаи гастроэнтерология равона карда шудааст. Клиникаи пажуњишгоњ дорои 110 кат буда, аз шўъбањои муолиљавии №1 (2 шўъба – беморињои меъда ва рўда) – 44 кат, муолиљавии №2 (беморињои љигар) – 28 кат, шўъбаҳои љарроњии љигар ва ѓадуди зери меъда – 10 кат, љарроњии меъда ва рўда – 10 кат, шўъбаи наљот 6 кат, шўъбаи кудакона бо 14 кат, шӯъбаи метаболӣ ва гиёҳдармонӣ – бо 10 кат ва 2 кати рўзона иборат мебошад. Барои ташхиси беморон дар назди пажуњишгоњ якчанд озмоишгоњњо ва њуљрањои ёрирасон амал мекунанд: озмоишгоњи клиникї, биокимёвї, даруннигорї, ултрасадо, морфологӣ, шуъбаҳои – радиологї, иммунологї, вирусологї ва ѓайрањо.
Дар дармонгоҳи машваратии пажуҳишгоҳ табибони дорои дараҷаи олӣ гастроэнтерологҳо, табиби бемориҳои дил, гинеколог ва дигар мутахассисон фаъолият менамоянд. Масъалаи асосии мутахассисони дармонгоҳи машаваратӣ: сари вақт гузаронидани муионаи бемор, дар муддати кӯтоҳ муайян намудани ташхис ва табобати бемор, дар ҳолати лозима бистарӣ намудани бемор ба клиникаи пажуҳишгоҳ.
Кормандони пажуҳишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе дар марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои табобатӣ ёрии маслиҳатӣ ва табобатию профилактикӣ мерасонанд. Мувофиқи нақшаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони пешбари пажуҳишгоҳ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ёрии амалӣ ва маслиҳатӣ расонида, бо маърўзаҳо баромад менамоянд.