

Муассисаи Давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Бо назардошти зарурият ва ҳалли проблемаҳои паҳншавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, дар аввали солҳои 60-ум, Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология бо сарварии академик Ҳ.Ҳ. Мансуров таъсис дода шуд, ки аввалин пажўҳишгоҳи соҳавии илмӣ-амалӣ оиди омузиши бемориҳои узвҳои ҳозима дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд. Дар 16-ум ҷаласаи уммумииттифоқии терапевтҳо (Москва, 1965) пажўҳишгоҳ ҳамчун маркази илмии гастроэнтерология дар собиқ Иттиҳод тасдиқ карда шуд.
Пажўҳишгоҳ дар омўзиши қариб тамоми масоили гепатология ва гастроэнтерология, аз он ҷумла аҳамияти биопсияи ҷигар, норасоии ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемориҳои вирусӣ ва алкоголии ҷигар, мавқеи гормонҳои стероидӣ дар табобатии бемориҳои музмини ҷигар, муолиҷаи ассит ҳангоми сиррози ҷигар, бемориҳои камвохуранда ва душворташхисшавандаи узвҳои ҳозима, бемориҳои ирсии ҷигар, колити захмӣ, бемории санги талха саҳми бузург гузоштааст.
Соли 2000 директори институт акад. Г.К. Мироҷов интихоб гардид. Дар солҳои 2000-2013 пажўҳишгоҳ дар омузиши гепатитҳои музмин, сирроз ва саратони ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемории чарбии ғайриалкоголии ҷигар, давраҳои аввали пайдоиши санги талха ва бемориҳои ба H.pylori вобаста нақши назаррас гузошт.
Соли 2014 директори пажўҳишгоҳ Азимзода С.М. таъин гардид, ки корҳои илмии устодони худро давом дода истодааст.
Соли 1999 пажўҳишгоҳ ба бинои нави клиникавӣ кучид. Сохтмони бинои озмоишгоҳӣ пас аз дахолати бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 ба охир расид. Пажўҳишгоҳ батадриҷ бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шуда истодааст.
Пажўҳишгоҳ бо олимон ва марказҳои илмии Россия, ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Ҷопон да дигар мамлакатҳо робити илмӣ дорад. Олимони пажўҳишгоҳ ба ҳайси намояндаи илми гастроэнтерологияи тоҷик дар конгрессҳо, симпозиумҳои байналмиллалӣ ва миллӣ дар Москва, Токио, Париж, Лондон, Копенгаген, Вена, Рим, Амстердам ва ғайра иштирок намуданд.
Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология маркази илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ-методӣ, машваратӣ, клиникавӣ ва омузишӣ мебошад. Пажўҳишгоҳ сармуассисаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди проблемаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои асосии пажўҳишгоҳ расонидани ёрии тахассусии гастроэнтерологӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ, омузиши проблемаҳои минтақавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, пешниҳод ва дар амалия ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави ташхисӣ ва табобатӣ мебошанд. Дар айни замон дар амалишавии нақшаи корҳои илмӣ ва табобатӣ 42 нафар кормандони илмӣ (аз он ҷумла 1 академик, 1 аъзо-вобаста, 8 доктори илмҳои тиб, 29 номзади илм ва 16 табибон) ширкат меварзанд.
Дар пажўҳишгоҳ ёрии гастроэнтерологӣ дар самтҳои зерин расонида мешаванд:
– ташхиси бемориҳои ҷигар ва талхадон бо истифодаи усулҳои таҷҳизотӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, вирусологӣ ва морфологӣ;
– ташхиси бемориҳои меъда ва руда бо истифодаи усулҳои эндоскопӣ, видеоэндоскопӣ, эндоскопияи капсулӣ, рентгенологӣ ва морфологӣ;
– табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима дар асоси дастовардҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ;
– истифодаи усулҳои ҷарроҳии бемориҳои ҷигар, талхадон ва меъдаю рўда.
Сохтори пажўҳишгоҳ аз 9 шўъбаҳои илмӣ, клиника бо 100 кат ва дармонгоҳи маслиҳатӣ иборат аст. Клиника дорои шўъбаҳои гастроэнтерологӣ, гепатологӣ, ҷарроҳии меъда ва рўда, ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда, кўдакона ва эҳё мебошад.
Кормандони пажўҳишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе дар марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои табобатӣ ёрии фаъолонаи маслиҳатӣ ва табобатию профилактикӣ мерасонанд. Мувофиқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони пешбари пажуҳишгоҳ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ёрии амалӣ ва маслиҳатӣ расонида, бо маърўзаҳо мунтазам баромад менамоянд.
Кормандони пажуҳишгоҳ мунтазам ба воситаи садо, симо ва матбуот баромад менамоянд ва бо беморон оид ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима суҳбатҳо мегузаронанд.
Такмили доимии дониши мутахассисон ва кашфи усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои узвҳои ҳозима барои пешравии соҳа мусоидат менамояд.