МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Шўъбаи қабули Пажӯҳишгохи гастроэнтерологияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шўъбаи қабули «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумхурии Тоҷикистон» сохтори алоҳида буда хизматрасонии баландихтисоси тиббиро дар асоси дастовардҳои илмӣ ва техникаи тибби муосир таъмин менамояд. Вазифаи асосии он бақайдгири, расонидани ёрии тиббии таъҷили ва ҳангоми ҷой доштани нишондод бистари намудани беморон дар шуъбаҳо мебошад.
2. Шўъбаи қабул аз рўи ҳаҷм ва намуди ёрии тиббӣ, барои қабул ва расонидани ёрии тибби  ҳангоми бемориҳои узвҳои ковокии шикам ба беморон доимо омода мебошад.
I. Вазифахои асосии шўъбаи қабул:
1. Расонидани ёрии баландихтисоси махсусгардонидашуда ба беморон ҳангоми муроҷиат ва бистарикунӣ;
2. Дар таҷрибаи расонидани ёрии тиббӣ ворид сохтани намудҳои нави ташхис ва табобати беморон, дар асоси дастворадҳои илму техника ва инчунин таҷрибаи пешқадами корӣ;
3. Инкишоф ва мукаммалгардонии шаклхои ташкилӣ, намудҳои хизматрасонӣ ва нигоҳубини беморон, инчунин баланд бардоштани сифат ва маданияти тиббии беморон;  
4. Таълими санитарию гигиенӣ.
II. Шуъбаи қабӯл вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1. Қабӯл, муоина ва ташхиси ҳамаи беморони  ташриф оварда.
2. Расонидани ёрии тиббии таъҷили, новобаста аз ҷои истиқомат.
3. Саривақт тадқиқ намудан ва расонидани ёрии тиббии баландихтисоси махсусгардонидашуда, бо истифода аз дастовардҳои илм ва таҷрибаи тибби муосир.
4. Муайян ва ҷобаҷокунии беморон вобаста ба вазъи саломати, номгуи бемори ва дараҷаи вазнинии онҳо.
5.Баровардани ташхиси пешаки ва назорати динамикии бемор дар шуъба то аниқ кардани ташхиси клиники.
6. Гузаронидани коркарди беҳдошти тибби, пурра ва қисман ба беморони бистари шаванда.
7. Ирсоли беморони бистари шаванда ба шуъбҳо.
8. Ахборот оид ба шумораи бемороне, ки дар шуъбаҳо бистари шуданд.
9. Ба мақомотҳои маҳалли РКДШ маълумотҳоро оид ба захмишудагон аз яроқи сард ва оташфишон, заҳролудшуда ва осебдидагони садамаҳои автомобили инчунин ҷасадҳои номаълум ва ашхосе, ки дар ҳолати сарҳуши дохил гаштаанд ва беҳуҷат мебошанд — тариқи телефони ирсол менамояд.
10. Шуъба ҳолатҳои фавқулодаро аз пайдо шудани беморони махсусан хавфнок огоҳ менамояд.
11. Дурустии роҳхатҳоро барои бистарии беморон ва таҳияи онҳоро назорат мекунад.
12. Корҳои шуъбаро таҳлил мекунад.
 
III. Шуъбаи қабӯл мустакил буда, дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои лозима, ашё ва дигар амвол мебошад.
1. Ҳуҷраи бақайдгири барои қабул ва сабти беморони қабулшаванда.
2.  Ҳуҷраи маълумотдиҳи барои додани маълумотҳо оиди беморони бистаришуда.
3. Ҳуҷраи алоҳида барои амалиётҳои тибби ва расонидани ёрии аввалияи тибби ба беморони бистаришаванда ва амбулатори.
4. Тазриқгоҳ барои беморони муроҷиат мекардаги.
5. Ҳуҷраи СБД
6. Ҳучраҳои алоҳидаи санитари барои коркарди беҳдошти беморони бистаришаванда.
7. Ҳуҷраи алоҳидаи ҳуқнагузарони.
8. Ҳуҷраи мудири шуъба.
Суроға:
 ш. Душанбе, куч. Маяковского 2.
Суроғаи электрони: murod_80@mail.ru
Телефони шӯъбаи қабул:  236-42-75
Мудири шӯъбаи қабул:
 (992) 935962662