МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шўъбаи кӯдаконаи МД «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шўъбаи кӯдаконаи МД «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори Пажӯҳишгоҳ буда хизматрасонии баландихтиссоси тиббиро дар асоси дастовардҳои илмӣ ва техникаи тибби муосир таъмин менамояд. Вазифаи асосии он ташхис ва табобати кӯдакони гирифтори бемориҳои музмини вирусии ҷигар, бемориҳои ирсии ҷигар ва узвҳои ҳозима мебошад.

Шӯъбаи мазкур дорои панҷ ҳуҷраи табобатӣ, 10 кат, як ҳуҷраи доругузаронӣ, як ошхона ва аз як ҳуҷраи ҳуқнагузаронӣ иборат мебошад. Роҳбарии шӯъбаро духтур гастроэнтеролог Наимова Ш.С. ба уҳда дошта, ба беморон табибони дараҷаи олии касбӣ, докторону номзадҳои илми тибб Пулатов Ҷ.И., Амирқулова М.М., Хуҷамуродов М.Н. Қамариддинова Ф.Т., хизмат мерасонанд.

Роҳбари шӯъба духтур гастроэнтеролог Наимова Ш.С.

Омода ва айёми табобати беморонро кормандони миёнаи тиббии пуртаҷриба таъмин менамоянд. Кормандони шӯъба таҷрибаи бойи табобати бемориҳои ҷигар, роҳҳои талхагузар, ғадуди зери меъда, бемориҳои модарзодии ҷигар ва дигар узвҳои ҳозимаро доранд.

Омода ва айёми табобати беморонро кормандони миёнаи тиббии пуртаҷриба таъмин менамоянд. Кормандони шӯъба таҷрибаи бойи табобати бемориҳои ҷигар, роҳҳои талхагузар, ғадуди зери меъда, бемориҳои модарзодии ҷигар ва дигар узвҳои ҳозимаро доранд.

Бояд қайд кард дар шӯъба кӯдакони синашон аз панҷ сола боло бистарӣ мешаванд ва табобат мегиранд.

Номгӯи бемориҳое, ки дар шӯъба табобат карда мешаванд:

Сиррози ҷигар бо сабабҳои гуногун;

Бемориҳои ирсии ҷигар (аз он ҷумла; бемории Вилсона – Коновалова, синдроми Алажиля);

Гепатитҳои музмин;

Гепатитҳои токсикӣ;

Энтероколит;

Колити захмии ғайривижавӣ; Бемориҳои меъда ва рудаи 12 – ангушта.