МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОЛИМЗОДА НАСИМ ХОҶА

Директори МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

          Олимзода Насим Хоҷа  20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор.

          Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.

          Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.

          Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст.

          Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

          Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

          Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

          Дар асоси Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2020 таҳти №186 Директори МД «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шудааст.