Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба ӯҳда доштанд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.
Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд. Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.
Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад. Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.
Дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, ҳамаи Шуморо ва мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси умумимиллӣ табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳо таманно дорам.
Ниязов А.Н сардори шуъбаи кадрҳои МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ — ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АВИТСЕНА”
21-уми июни соли 2024, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, дар ташкилоти ибтидоии “Авитсена”-и МД Пажуҳишгохи гастроэнтеорологияи Ҷумхурии Тоҷикистон бо иштироки Ахунова Муқаддас – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Давлатзода Ҳангома Рустам – мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир Иззат — Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино, Олимзода Насим Хоҷа — раиси ташкилоти ибтидоии “Авитсена” ва аъзои ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, сараввал ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Авитсена” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда ироа гардид.
Вобаста ба баррасии масъалаҳои дуюми рӯзномаи маҷлис, номазадии Олимзода Насим Хоҷа ҷиҳати интихоб гардидан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Авитсена” пешниҳод гардида, дар натиҷа бо ҷонибдорӣ ва овоздиҳии якдилонаи аъзои ҳизб доир ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд. Бо ҳамин тариқ, оид ба баррасии масъали сеюми рӯзномаи маҷлис Амирқулова Мунира Мамаҷоновна — муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Авитсена” интихоб гардид.
Ҳамзамон, дар рафти муҳокимаи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Олимзода Н.Х. ва Амирқулова М.М. ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсии 44-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом Ахунова Муқаддас – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баромад намуда, ҷиҳати бомуваффақият ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ҳизбӣ дар давоми солҳои сипаригардида ба ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ намуда, барои фаъолияти корӣ дар пешистода бурдбориҳои навро таманно намуд ва таъкид намуд, ки фаъолияти хешро дар самти пеш бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баҳри таблиғу ташвиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб дуруст роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, Давлатзода Ҳ.Р. – мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, инчунин, бобати иҷрои босифати дастуру супоришҳои ҳизбӣ, қабули сифатаноки аъзои нав ба сафи ҲХДТ, танзими дурусти ҳаракати аъзои ҳизб, назорати пардохти саривақтии маблағи ҳаққи узвият, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
ШАНБЕГИ ДАР ПАЖУҲИШГОҲ (15.06.2024)
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ МАРҲАЛАИ НАВИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ, ҲИЗБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Ё ХУД ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гардид.
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст!
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд!
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт!
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт!
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияти худ қарор додааст, талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар зиндагии мардум боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад!
1. Мо бо Пешвои маҳбуби миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор дорем!
2. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби ваҳдатофар ва таҳкимбахши соҳибистиқлолӣ!
3. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – тарғибгари ҳадафҳои созанда ва фарҳангу тамаддуни куҳанбунёд!
4. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – таҳкимбахши дӯстиву бародарӣ!
5. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – неруи тавонои сиёсӣ ва қутбнамои фардои дурахшони кишвар!
6. 30 — соли ҳадафҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум!
7. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби созандаву бунёдкор ва ояндасоз!
8. 30 — соли саршор аз ифтихор ва пирӯзиҳо бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!
9. 30 — қадами устувор ба сӯи ояндаи дурахшон!
10. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби ормонҳои миллӣ ва нангу номус!
11. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – кафили сулҳу субот ва хушбахтии мардум!
12. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби роҳнамо ва пешоҳанги ҷомеа!
13. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои хеш боло мегузорад!
14. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат!
15. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолӣ ва саодати халқ!
16. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи бузурги пешбаранда ва тарбиятгари ҷомеаи шаҳрвандӣ!
17. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат.
18. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – табиатан халқӣ ва демократӣ буда, маҳсули тафаккури эҷоди халқи фарҳанговар ва созандаи тоҷик мебошад.
19. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – масъулияти бузурги таърихиро ба дӯш дошта барои вусъати худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ равона сохтааст.
Эмомалӣ Раҳмон
20. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии НБО “Роғун”!
Эмомалӣ Раҳмон
21. Мароми мо ҳизбиён: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!
22. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
23. Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон бузург аст!
24. Шаъну шараф ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби мардумӣ, ободкору созанда, бунёдкор ва ояндасози миллат!
Ҳизбе, ки з-обу оташ бигзашту пуртавон шуд,
Бо Пешвои миллат маҳбуби мардумон шуд.
***
Ҳизбе, ки бо муҳаббати миллат сиришта шуд,
Дар қалбҳо чу донаи уммед кишта шуд.
***
Зи Файзи ҳизби халқ, озода шуд кошонаи тоҷик,
Бишуд гулзор кишвар, қаср шуд вайронаи тоҷик.
***
Зи Ҳизби Халқии Демократӣ кишвар мунаввар шуд, Сипоҳи адлу ваҳдат бар ҷаҳолатҳомузаффар шуд!
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Ҳамид Ҳусейнович Мансуров (25 декабри 1925 — 25 августи 2013)— академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1978), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1976), Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), Доктори илми тиб (1960), профессор (1961).25 декабр – рузи мавлуди устод, шодравон Мансуров Ҳамид Хусейнович мебошад, ки яке аз олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, асосгузори мактаби гастроэнтерологияи тоҷик, якумин Пажуҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб рафта, илми гастроэнтерологияи тоҷикро дар ҷаҳон муҳаррифӣ намуданд. Ҳамид Мансуров муаллифи зиёда аз 900 мақолаи илмӣ ва 18 монография буда, . яке аз асосгузорони биопсияи сузании чигар дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти илмии устод: гастроэнтерология, гепатология. Устод илми гастроэнтерология ва гепатологияи тоҷикро дар конгрессхои миллӣ ва байналхалқӣ дар Польша, Япония, Англия, Чехословакия, Германия, Венгрия, Франция, Швеция, Дания муҳаррифӣ намуда, соли 1974 узви фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои Маҷористон, соли 1976 узви вобастаи Ассотсиатсияи интернистҳои Полша ва соли 1977 узви фахрии Ҷамъияти илмии тиббии гастроэнтерологҳои Булғористон интихоб шуданд. Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳайати Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, соли 2010 асоси таъсиси Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон гардид, ки ба он 12 муассисаи тиббии профилҳои гуногун дохил шуда, на танҳо корҳои тиббӣ, балки корҳои илмиро пайваста ба пеш бурданд. Солҳои 1989-1995 ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Зери рохбарии устод 80 рисолаи номзади ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст. Бо ташаббуси устод соли 1990 дар ш. Душанбе чопи мачаллаи «Проблемы гастроэнтерологии» (муассисон АИ ИЧШС, АИ ЧТ ва Ҷамъияти умумииттифоқии гастроэнтерологҳо) ба роҳ монда шуд, ки алҳол зери сарпарастии АИ ҶТ ва Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои минтақавӣ ба табъ мерасад.
Устод шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба онҳо роҳи зиндагӣ ва илмиро роҳнамоӣ намуданд, ин буд, ки шогирдон то дақиқаи охири умрашон ба устод вафодор монда ва 10 соле, ки устод дар паҳлуи онҳо нестанд, кори устодро бо устуворӣ давом медиҳанд. Вақти он омад, ки чун устод мо доно шавем,
“Илм ҷӯй”, “Такрор кун”, овоз кард омӯзгор!