ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шӯъбаи махсусгардонидашудаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ташхис ва табобати бемориҳои ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талха ва ғадуди зери меъда дар сохтори МД Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерлогия бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 62 аз 7 феврали соли 2011-ум фаъолият дорад.

Шуъбаи мазкур дорои 10 кат буда, аз 3 ҳуҷраи умумӣ, 3 ҳуҷраи алоҳида, 1 ҳуҷраи табобати интенсивӣ, толори ҷарроҳӣ бо 3 ҳуҷраи алоҳида ва ёрирасон иборат мебошад. Роҳбарии шуъбаро профессор Аҳмадзода С.М. ба уҳда дошта, ба беморон табибони дараҷаи олии касбӣ, доктору номзадҳои илми тиб Қурбонов Ҳ.Ҳ., Сафаров Б.Ҷ., Саидмуродов А.С., Иброҳимов Н.К., Комилов Ғ.Т., Табаров З.В., Сафаров Ҷ.Б., Марсаков П.А., Наврузов О.Ф., Холов З.У. ва дигарон хизмат мерасонанд.

Роҳбари шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда

Аъзои вобастаи АИТ ВТ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Аҳмадзода Саидилҳом Мухтор

Омода ва айёми баъдиҷарроҳии беморонро кормандони миёнаи тиббии пуртаҷриба таъмин менамоянд.

Ҳуҷраи табобати интенсивӣ ва толори ҷарроҳӣ бо хати мутаммаркази оксиген, дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва мониторҳои муосир таъмин мебошанд. Аз соли 2014 инҷониб толори ҷарроҳӣ бо дастгоҳи эндовидеолапароскопӣ таъмин мебошад, ки бо истифода аз он амалиётҳои ҷарроҳии муосир ва миниинвазивӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани сифати табобати як қатор бемориҳои мавзеи гепатопанкреатобилиарӣ усули нави миниинвазивии декомпрессияи роҳҳои талхабарор тавассути найчагузорӣ зери назорати ултрасадо бо убури пӯст ва ҷигар амалӣ карда мешавад.

Кормандони шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бойтарини (зиёда аз 800 амалиёт) ҷарроҳии буриши ҷигар, ғадуди зери меъда ва роҳҳои талхабарорро доранд. Нахуст ташхис ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани табобати ҷарроҳии як қатор бемориҳо ба монанди алвеококкоз, сили ҷигару ғадуди зери меъда, меланомаи ҷигар, ҷарроҳии фарбеҳии морбидӣ бо диабети қанд, киставу омосҳои азимҷуссаи шикам миёни маъюбон, рафъ намудани инсулинома тавассути эндовидеоҷарроҳӣ ба ин мисол шуда метавонад.

Аз оғози соли 2016 дар ҳамкорӣ бо Институти физика ва техникаи АИ ҶТ ба номи С.Умаров барои боз ҳам баланд бардоштани сифати табобати ҷарроҳии бемориҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва роҳҳои талхабарор намудҳои гуногуни криодеструктор сохта шуда, истифодаи васеи нитрогени моеъ ба роҳ монда шуд. Бо истифода аз ҳарорати ниҳоят пасти нитрогени моеъ то ин дам 172 амалиёти криоҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам ва 2 ҷарроҳии радикалии эхинококкози шуш

 

бомуваффақият гузаронида шуда, криохолетсистэктомия ва криоперисистэктомия аз шуш афзалияти ҷаҳонӣ доранд.

Ҳамасола дар шуъбаи мазкур зиёда аз 300 амалиётҳои ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талха ва ғадуди зери меъда гузаронида мешавад. Аз ин миқдор зиёда аз 50% беморон дар гузашта собиқаи табобати ҷарроҳӣ доранд. Дараҷанокии илмии табибон 75% ташкил намуда, мақсад ва вазифаҳои асосии шуъба аз ташаккул додани масаълаҳои ташхис ва ба роҳ мондани усулҳои нави табобати бемориҳои ҷигар, ғадуди зери меъда ва роҳҳои талхабарор иборат аст.

 

Номгӯи бемориҳое, ки дар шуъба табобат карда мешаванд:

Эхинококкози ҷигар;

Алвеококкози ҷигар;

Гемангиомаи ҷигар;

Аденомаи ҷигар;

Сили ҷигар;

Кистаҳои ғайрипаразитарӣ, поликистоз ва абсаи ҷигар;

Саратони ҷигар, роҳҳои талха ва ғадуди зери меъда;

Бемории санги талхадон, холедохолитиаз;

Киста ва стриктураи роҳҳои талхабарор;

Сиррози ҷигар бо аломати фишорбаландии порталӣ ва гиперспленизми вазнин;

Панкреатити шадид (панкреонекроз) ва музмин;

Аломати метаболикӣ бо фарбеҳии морбидӣ ва диабети қанд;

Кистаҳои паразитӣ, ғайрипаразитӣ ва баъдинекрозии ғадуди зери меъда; Носури ғадуди зери меъда ва талхавӣ;

Киста ва омосҳои азимҷуссаи шикам