ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фарбеҳӣ акнун танҳо як тарзи ҳаёт ё шароити косметикӣ нест. Ҳоло ин беморӣ дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст, ки на танҳо одамонро ба як қатор дигар бемориҳо (масалан, диабети қанд навъи 2, бемории фишорибаландии хун, бемориҳои дил, апноэи хоб, рефлюкси гастроэзовагиалӣ, бемории санги талхадон, безурётӣ, импотенсия ва саратон), балки инчунин умри одамоне, ки аз он ранҷ мекашанд, ба таври назаррас коҳиш меёбад. Мо дар таърихи ҷаҳонӣ  пандемияи фарбешӣ ва диабетро аз сар мегузаронем. Тоҷикистон дар Рейтинги фарбеҳӣ дар ҷои 128-ум қарор дорад ва паҳншавии фарбеҳӣ хеле босуръат меафзояд. Аз ин сабаб, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, таҳти рақами 463 “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солимро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” қабул кард. Бо ин мақсад дар МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи метаболӣ ва гиёҳдармонӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он расонидани кӯмаки самарабахш, босифат ва бисёрсоҳавӣ ба беморони гирифтори бемориҳои фарбеҳӣ ва вазнини зиёди бадан мебошад. Илова бар табобати вайроншавии мубодилаи моддаҳо, шўъба гиёҳҳои шифобахши ватаниро низ пешниҳод мекунад.

Шўъба бемориҳои зеринро табобат мекунад:

  • фарбеҳӣ ё вазни зиёдатӣ;
  • бемории чарбзеркунии ғайриэтанолии ҷигар;
  • стетогепатити ғайриэтанолӣ;
  • панкреатити музмин.

Ин шӯъба иборат аст аз:

  • 7 ҳуҷраи, аз ҷумла 5 ҳуҷраи алоҳида ва 2 ҳуҷраи умумӣ (14 кат);
  • ҳуҷраи доругузаронӣ;
  • ҳуҷраи гиёҳдармонӣ;
  • ошхона;
  • толори варзишӣ;

–  ва ғайра.

Аз рӯзи ифтитоҳи шўъба то имрӯз мудири шўъба Азизулоева Шоҳида Холматовна мебошад.

Гурӯҳи метаболикӣ як гурӯҳи бисёрсоҳавӣ мебошад, ки аз табибони гастроэнтеролог, гепатолог ва мушовирони эндокринолог, кардиолог, невропатолог ва фито-терапевт иборат аст: н.и.т. Ишонқулова Д.М., н.и.т. Тухтаева Н.С., Ғаниев Б.И., Мамонов А., Мирзорахматов С.А., табиб кардиолог н.и.т. Булбулов К.Б., фито-терапевт Ш.Н. Шамсуддинов.

Ғайр аз расонидани хизмат ба беморон, шўъба бо корҳои илмӣ ҳам машғул аст. Натиҷаҳои  корҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ дар шакли тезис ва мақолаҳо чоп карда мешаванд. Дар сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ кормандони ин шӯъба инчунин дар лоиҳаҳои илмӣ, инчунин дар конфронсҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Азизулоева Ш.Х. дар конфронси байналмилалӣ дар Бухабанешвари Ҳиндустон

Дар давоми пандемияи Ковид-19, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрел то 10 июни соли 2020 беморони гирифтори коронавирусро табобат кард ва кормандони шўъба ба ин беморон хизмат расонданд.

Соли 2020 дар шӯъба зиёда аз 200 нафар беморони гирифтори бемориҳои узвҳои даруна шифо ёфтанд, ки беш аз нисфи онҳо ба бемории фарбеҳӣ гирифтор буданд.

Академик Мироҷов Ғ.Қ ҳар ҳафта беморони шўъбаро муоина мекунад.

Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология якҷоя кор мекунанд, то ба шумо ёрии ҳамаҷониба расонанд, вақт ҷудо карда, шуморо гӯш кунанд, ба саволҳои шумо ҷавоб диҳанд ва дар маҷмӯъ ниёзҳои шуморо қонеъ кунанд. Кор бо гастроэнтерологҳо, гепатологҳо ва мушовирони баландихтисос маънои онро дорад, ки шумо ба фикри як мутахассис такя намекунед. Кӯмаки тиббии шуморо як гурӯҳи васеъ муҳокима мекунанд ва натиҷаҳои санҷиши шумо зуд дастрасанд.