ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шуъбаи биокимиё аввалин бор дар назди Пажуҳишгоҳи тадқиқотии илмии тиббии кишвари Тоҷикистон дар соли 1959 ташкил дода шуда буд. Сарварии онро соли 1959 то соли 1976 доктори илмҳои тибб, профессор Мансурова И.Ҷ. ба уҳда дошт. Дар таҳти роҳбарии Мансурова И.Ҷ. дар шуъба доир ба омӯзиши вайроншавии проссесҳои мубодила дар организм ва таъсири маводои доругӣ ва заҳрҳо ба он тадқиқотҳои барҷастае ба сомон расонида шудаанд. Тадқиқотҳои муҳим доир ба намудҳои констеллясионии ферментҳо аз тарафи он кас ба роҳ монда шудааст.

Инчунин бисёр корҳои илмӣ дар бораи биокимиёи ҷигар беморони дорои гепатит ва сирроз тадқиқ карда шудаанд. Мансурова И.Ҷ. дар бораи «Энзимологияи тиббӣ» корҳои шоёни диққатро ба ҷо овардааст.

Мансурова И.Ҷ. зиёда аз 240 корҳои илмӣ чоп кардааст, аз он ҷумла 3 монография. Бо роҳбарии И.Ҷ.Мансурова 14 кас рисолаи номзадиро дифо кардаанд. Профессор Мансурова И.Ҷ. бо медали «Шараф», «Меҳнат», Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин аълочии корманди шоистаи тиббии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Баъд ба вазифаи дигар гузаштани Мансурова И.Ҷ. роҳбарии муваққатии шуъбаро соли 1977-1981 ба зимаи корманди ҳамин шуъба Ф. Самоилов гузоштаанд.

Аз соли 1981 то 1987 роҳбарии шуъбаро ба зиммаи корманди ҳамин шуъба Қодиров А.Ҳ. гузоштанд. Дар ин солҳо дар шуъба тамоми нишондодҳои биокимиёвии таркиби зардоби хун, заҳраи талхадон, электролидҳо ва дигар моеъҳои биологӣ дар сатҳи баланд таҳлил карда мешуданд.

Дар қатори ин корҳо боз муайян кардани туршобаҳои таркиби заҳраи талхадон бо усули хроматографияи газӣ ба роҳ монда шуда буд.

Аз соли 1987 то соли 2009 роҳбарии шуъбаро ба зимаи доктори илмҳои тиибб, проффесор Мансурова Ф.Х. гузоштанд. Профессор Мансурова Ф.Х. зиёда аз 260 корҳои илмӣ чоп кардааст аз он ҷумла 3 монография, 10 дастури таълимӣ. Дорои ҷоизаи ба номи академик Павловский Е.Н. дар соҳаи илм ва техника дар соли 2007 мебошад.

Профессор Мансурова Ф.Х. 6 номзади илмҳо тайёр кардааст ва роҳбарии 5 унвонҷӯёнро ба уҳда доранд.

Қодиров А.Ҳ. доктори илмҳои кимиё, профессор зиёда аз 150 корҳои илмӣ чоп кардааст, аз он ҷумла 2 моногррафия, 5 дастури таълимӣ, 10 ихтирооти патентӣ, 1 ихтирооти патентии Евразия, 6 номзади илмҳо тайёр кардааст ва роҳбари 6 унвонҷуй мебошад. Дорои ҷоизаи ба номи С.У. Умаров дар соҳаи илм ва техника дар соли 2009 мебошад.

Корманди шуъбаи биокимиё  номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмӣ Қурбонов М.Қ. зиёда аз 100 кори илмӣ чоп кардааст, аз он ҷумла 5 дастури таълимӣ ва 22 ихтирооти патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

Олимова С.О. номзади илмҳои биокимиё, ходими калони илмӣ зиёда аз 70 корҳои илмӣ чоп намудаанд.

Мутихова Х.Ш. номзади илмҳои тибб, зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, 1 монография ва якчандто дастуррҳои амалӣ чоп намудаанд.

Ҳар сол дар шуъба дар таркиби зардоби хуни 4500 беморон ташхиси функсионалии ҷигар бо усуслҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки ҳар як ташхиси функсионалии  ҷиигар аз 10 таҳлили нишондодҳои биокимиёвии зардоби хун иборат мебошад.

Ба ғайр аз ин дар шуъба ҳар сол бо усули хроматографияи газӣ дар таркиби зардоби хуни беморони гирифтори гепатит, сиррози ҷигар, синдроми метабалитики ва санги талхадон дар марҳилаҳои гуногуни литогенезӣ ва ҳангоми муолиҷаи онҳо бештар аз 540-600 таҳлил барои ташхис гузаронида мешавад.

Аз ин ҳисоб миқдори 250 намуди туршобаҳои талхадон ва 350 туршобаҳои олии карбон дар таркиби зардоби хуни беморон муайян карда мешавад.

Дар шуъба тадқиқкотҳои илмӣ дар бораи дарёф намудани усулҳои нави ташхисӣ, корҳои шоёни диққат ба роҳ монда шудаанд.

Олимони шуъба дар бораи созмон додани маводҳои доругие, ки қобилияти ҳал кардани сангҳои холестериндори талхадонро доранд, саю кушиш доранд.

Ҳоло дар шуъба усули нави муайян кардани миқдори холестерин дар таркиби моеъҳои биологӣ, бо ёрии усули хроматографияи газӣ ихтиро карда шудааст, соҳиби Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар назди кормандони шуъба корҳои муҳими илмӣ ва амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.

  1. Созмон додани маводҳои доругӣ дар асоси баъзе стероидҳо ва рустаниҳои шифобахш, ки қобилияти ҳал кардани сангҳои талхадонро доранд.
  2. Муайян кардани миқдори туршобаҳои талхадон дар таркиби шираи меъдаи беморон бо усулҳои хроматографияи газӣ.
  3. Тайёр кардани маводҳои доругие, ки қобилияти заҳраравонӣ ва литолитик доранд.
  4. Синтез намудани маводҳои зиддивирусӣ дар асоси баъзе стероидҳо.