ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ШАРИПОВ Ваҳоб Шарипович
н.и.т.
Ходими калони илмӣ
Ваҳобзода Парвиз
Табиб рентгенологи дараҷаи олӣ, н.и.т.

Шарипов В.Ш. ташхиси рентгении узвҳои ҳозимаро дар ҷои якӯми кории дастгоҳи рентгении EDR 750B (рентгеноскопия) озмоишгоҳи ташхиси рентгении МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” гузаронида истодааст.

Давраҳои таърихӣ
Пас аз бунёд шудани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар соли 1961 дар базаи клиникаи пажӯҳишгоҳ утоқи ташхиси рентгенӣ ташкил шуд. Пас аз ду сол шӯъбаи рентгенорадиология эҳё шуд, ки вазифаи роҳбарии шӯъбаро н.и.т. Шлимович Б.А. (1963-1972)  дар давоми 9 сол ба ӯҳда дошт. Аз соли 1973 то соли 1988 вазифаи роҳбари шӯъбаи рентгенорадиологияи пажӯҳишгоҳро д.и.т. проф. Холиқов Тоҷибой Холиқович ба ӯҳда дошт. Ӯ яке аз пешравони соҳаи рентгенология дар Тоҷикистон буд. Ӯ аввалин мутахассисест, ки радиологияи интервенсиониро дар якчанд клиникаҳои муассисаҳои тиббии Тоҷикистон аз он ҷумла аз шӯъбаи рентгенорадиологияи “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология”-и АИ ҶТ сар карда то БКШ-и ш. Душанбе ворид карда буд. Ӯ муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ буд. 17 январи соли 1990  бо таври фоҷиавӣ аз олам гузаштанд.   Моҳи октябри соли 1988 Шарипов Ваҳоб мудири шӯъбаи рентгенорадиология таъин шуд. Пас аз гузаштан ба бинои нави пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология соли 1999 шӯъбаи рентгенрадиология ба ду қисм ҷудо гашт, озмоишгоҳи ташхиси рентгенӣ ва озмоишгоҳи ташхиси радиоизотопӣ ва муолиҷаи шуоӣ. Роҳбарии озмоишгоҳи ташхиси радиоизопӣ ва муолиҷаи шуоиро д.и.т. Дӯстов Абдусамад ба ӯҳда дорад.
Кормандони озмоишгоҳи ташхиси рентгенӣ тамоми намудҳои ташхиси рентгении беморони дар клиникаи МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология”-и ВТ ва ҲИА ҶТ  бистари шударо дар сатҳи баланд иҷро мекунанд, ба монанди рентгеноскопияи узвҳои қафаси сина, рентгеноскопия бо рентгенографияи узвҳои ҳозима (дуоденография, энтерографитя, ирригография) ва қисми гепатобилиопанкреатодуоденалӣ (холангиография) ва ғайраҳо. Ҳама тасвирҳои гирифташаванда дар дастгоҳи Carestream рақамӣ кунонида мешаванд.

Озмоишгоҳи ташхиси рентгенӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамонаи рақамикунандаи тасвирҳои рентгенӣ Carestream  муҷаҳазонида шудааст.