ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шўъбаи 1-уми гастроэнтерологӣ базаи табобати бемориҳои узвҳои ҳозима: бемориҳои талхадон, ғадуди зери меъда, рўдаи борик ва ғавс мебошад.

Дар айни замон мувофиқи вазифаҳои асосии шўъба ин ёрии ташҳисӣ ва табобатӣ дар бемороне, ки бо авҷгирии беморӣ ё декомпенсатсия мебошад. Бемориҳои зерин дохил мешаванд.

  • Бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ
  • Гастрити музмин
  • Дуоденити музмин
  • Бемории захми меъда ва рўдаи 12-ангушта
  • Холесистит
  • Панкреатит
  • Бемориҳои илтиҳобии рўда (бемории Крон, колити захмии ғайривижавӣ)
  • Синдроми рўдаи ҳасос
  • Синдроми пас аз резексия (бемории меъдаи чарроҳишуда, синдроми паз ас холесистэктомия)

Базаи ташхисӣ имкониятҳои васеъи усулҳои функсионалӣ, инструменталӣ ва озмоишӣ дорад. Аз рўи нишондод гузаронида мешавад:

  • ЭГДС бо гузаронидани биопсия
  • Муайянкунии Helicobacter Pylori бо усули нафасӣ ва ситологӣ
  • Ултрасадои узвҳои ковокии шикам
  • Рентгеноскопияи қисми болои узвҳои ҳозима
  • Колоноскопия
  • Ректороманоскопия
  • Ирригография
  • ЭКГ
  • Таҳлили умумии хун, пешоб, фазла
  • Таҳлили биокимиёвии хун
  • Таҳлили микробиологияи фазла
  • Таҳлили вирусологии хун ба вирусҳои В, С, Д, ВИЧ бо усули ИФА
  • Таҳлили вирусологии хун ба вирусҳои В, С, Д бо усули ПСР
  • Таҳлили хун барои муайяннамудани микроэлементҳо Fe, Cu

Корҳои консултативиро акад. Мироҷов Ғ.Қ., директори Пажӯҳишгоҳ, д.и.т. Азимзода С.М., профессорони Пажуҳишгоҳ, д.и.т. Авезов С.А., д.и.т. Дустов А.Д., д.и.т. Қурбонов Ҳ.Х., д.и.т. Қодиров Д.М. ва д.и.т. Ахмедов С.А. мегузаронанд.

Дараҷаи баланди фоиданокии ёрии тиббӣ ки ба беморон расонида мешавад, ёрии дигар мутахассисон лозим дониста мешавад. Ҳамкорӣ бо мутахассисони шўъбаи ҷарроҳӣ, табиби қалбшинос, гинеколог, уролог, дандонпизишк гузаронидани табобати ҳамагуна бемориҳои гастроэнтерологиро дар бар мегирад ва муҳлати табобати статсионариро кам менамояд.

Раҳимова Хайри Қодировна – Мудири шўъба, номзади илми тиб, корманди калони илми, табиби гастроэнтеролог дорои дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1988 то инҷониб дар МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи» Вазорати тандурустӣ ва Ҳифзи иҷтимоии Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият менамояд. Фаъолияташро аз вазифаи ходими хурди илмӣ оғоз намуда дар вазифаҳои  мухталиф, аз ҷумла роҳбари курсҳои бозомўзи кор кардааст. Айни ҳол дар шуъбаи ҷигар ва ғадуди зери меъда ҳамчун ходими калони илмӣ ва аз соли 2009 мудири шуъбаи муолиҷавӣ фаъолият намуда истодааст. Соли 2010 такмили иқтисоси табиби гастроэнтеролог дар МД Таълимии донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Соли 2007 рисолаи номзадии илмии тиб «Хронические диффузные поражения печени дельта-вирусной этиологии (некоторые аспекты вирусологии и иммунологии)» ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 46 мақолаҳо ва фишурдаҳо, ки  дар маҷаллаҳои бонуфузи Руссия ва Тоҷикистон ба чоп расидааст. Мавзуъи бахшида ба бемории диффузии ҷигар бо сабаби вирусӣ ва аутоиммунӣ шудааст. Иштирокчии конфронсҳои байналмиллалии   гастроэнтерологҳо ва гепатологҳо дар давлатҳои Руссия ва  Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол дар мавзўъи бемории диффузии ҷигар бо сабаби вирусӣ, ғайривирусӣ ва аутоиммунӣ кор бурда истодааст. Муаллифи монографияи «Гепатити музмин ва сиррози ҷигар бо сабаби вируси Д» мебошад. Инчунин яке аз муаллифони стандартҳои клиникӣ оиди бемориҳои узвҳои ҳозима мебошад.

Раҳимова Хайри Қодировна

Камолова Нигина Тоҳировна, номзади илми тиб, корманди илм, табиби гастроэнтеролог дараҷаи олӣ. Аз соли 2006 то инҷониб дар МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи» Вазорати тандурустӣӣ ва Ҳифзи иҷтимоии Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият менамояд. Саршавии корашро аз вазифаи ходими хурди илмӣ оғоз намуд, баъд аз он ба ҳайси корманди  илмии  шуъбаи морфологӣ ва табиби гастроэнтеролог шуъбаи №1 муолиҷави фаъолият менамояд. Соли 2016 бошад, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Хусусияти клиники – вирусологии, иммунологӣ ва морфологӣ ҷараёни музмини паҳновар вайроншавии ҷигар бо сабабҳои вируси омехта (HBV+HDV, HBV+HCV, HBV+HCV+HDV)» тасдиқ намудаст. 32 макола ва  тезис навиштааст. Иштирокчии конфронсҳои байналмиллалии   гастроэнтерологҳо ва гепатологҳо дар давлати  Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол дар мавзўъи бемории диффузии ҷигар бо сабаби вируси омехта кор бурда истодааст.

Орифҷонова Нигора Махмадҷоновна, корманди илм, табиби гастроэнтеролог дараҷаи якум. Аз соли 2005 то инҷониб дар МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи» Вазорати тандурусти ва Ҳифзи иҷтимоии Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият менамояд. Саршавии корашро аз вазифаи ходими хурди илмӣ оғоз намуд, баъд аз он ба ҳайси корманди  илмии  озмоишгоҳи биокимиёвӣ ва табиби гастроэнтеролог шуъбаи №1 муолиҷавӣ фаъолият менамояд. Соли 2015 такмили иқтисоси табиби  гастроэнтеролог гузаштааст. Муаллифи 12 мақола ва  тезис мебошад. Иштирокчии конфронсҳои байналмиллалии   гастроэнтерологҳо ва гепатологҳо дар давлати  Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол дар мавзўъи бемории диффузии ҷигар бо сабаби вирусӣ, ғайривирусӣ кор бурда истодааст.

Мирзоев Ҷалолиддин Меҳроҷович, табиби гастроэнтеролог, аз соли 2009 то инҷониб дар ҳамин Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология кору фаъолити худро идома мебахшад. Соли 2009 то 2012 Ординатураи клиникиро дар ҳамин Пажӯҳишгоҳ гузаштааст. Соли 2014 то 2017  аспирантураро низ дар инҷо ба итмом расонидаву, ҳоло дар арафаи ҳимоя мебошад. Мавзўи илмӣ – бемориҳои стеатози ғайриэтанолии ҷигар мебошад.  Собиқаи кориаш 11-солро дар бар мегирад.

Қаҳорова Иноятхон Аҳмадалиевна, ҳамшираи тибби калон дараҷаи олӣ.