ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ШИРКАТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЛАНДИ МУ СММ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ

ШИРКАТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЛАНДИ МУ СММ ОИД БА МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ

26 сентябри 2018 дар шаҳри Ню Йорк Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода дар ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба мубориза бо бемории сил, дар баробари беш аз 120 роҳбарони давлат, ҳукуматҳо ва вазирони кишварҳои аъзои СММ ва дигар намояндагони воломақоми СММ ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Насим Олимзода ба иштироккунандагони ҷаласаи сатҳи баланд роҷеъ ба ӯҳдадориҳо, дастовардҳои кишвар ва мушкилиҳои ҷойдошта дар самти мубориза бо бемории сил маълумоти муфассал пешкаш намуд.