ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ

Рўзи 27 июли соли равон дар толори муассиса чорабини бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ бо якҷоягӣ ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ гузаронида шуд.

Дар кори чорабини директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т. Азимзода С.М., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирхамуддин, директори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон Марте Эверард, мутахассиси миллӣ оид ба бемориҳои сирояти ва ҳифзи сиҳатии ТУТ дар Тоҷикистон Абдулахад  Сафаров, академик Мироҷов Ғиёсуддин ва зиёда аз  150 кормандони КАТС ва табибон иштирок доштанд. Дар ибтидо директори пажӯҳишгоҳ Азимзода С.М., муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М.,  директори ТУТ дар Тоҷикистон Марте Эверард, мутахассиси миллӣ оид ба бемориҳои сирояти ва ҳифзи сиҳатии ТУТ дар Тоҷикистон Абдулахад  Сафаров оиди проблемаи мазкур ва роҳҳои ҳалли он сухан намуданд. Сипас маърузаҳои илмӣ оиди паҳншавӣ, патогенез, клиника, ташхис ва табобати бемориҳои гепатити вирусӣ академик Мироҷов Ғ.Қ. ва н.и.т. Раҳимова Х.Қ. баромад ва қайд намуданд, ки дар айни замон 9 намуди вирус, ки ҷигарро сироят менамоянд, маълум мебошад. Дар байни онҳо вируси гепатити В ва вируси гепатити С нақшаи асосиро мебозанд. Мувофиқи нишондодҳои ТУТ дар дунё зиёда аз 325 млн. нафар одамон гирифтори гепатити В ва гепатити С мебошанд. Қариб аз 3-8%-и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гирифтори гепатитҳои В ва С мебошанд.

Солҳои охир ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вируси дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардидааст, ки ин бо сабаби баланд шудани маърифатнокии аҳолӣ, беҳтар шудани фаъолият ва корбарии марказҳои тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, бештар ва сифатан хубтар шудани таҳлилҳои озмоишгоҳи (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) вобаста мебошанд. Инчунин дар тамоми зинаҳо: муоинаи тиббии давравии табибон, мактаббачагон, никоҳшавандаҳо, ҳомиладорон, муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳи ва дандонпизишки ва ғайраҳо ворид гардидааст.

Гепатитҳои музмини вирусӣ дар аксари ҳолатҳо бе зуҳуроти клиникӣ ҷараен ёфта, танҳо ҳангоми ташхиси лабораторӣ муайян карда мешавад. Ташвишовар аст, ки гепатит дар қисми беморон батадриҷ ба сиррози ҷигар ва карсиномаи гепатоселлюлярӣ мегузарад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 барои табобати беморони гепатитҳои музмини В 200 кутти тенофовир  ва гепатитхои С 200 кутти (Софосбувир 400 мг, Даклатасвир 60 мг ) дар байни маъюбон ва камбизоатон дастрасӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки кормандони пажуҳишгоҳ (д.и.т. Азимзода С.М., академик Мироҷов Ғ.Қ., н.и.т. Хоҷамуродов М.Х. ва н.и.т. Ҷамилов М.) дар арафаи чорабинӣ дар барномаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо” ва радиои ҷумхуриявӣ оид ба «Пахншавии гепатитҳои вирусии В ва С дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорахои пешгирикунанда” чандин баромадҳо намуда вохурӣ бо мутахассисони соҳа гузарониданд. Аз тарафи кормандони пажӯҳишгоњ н.и.т. Хоҷамуродов М., н.и.т. Камолова Н., н.и.т. Ҷамилов М. ва табиб Орифҷонова Н. ба зиёда аз 50 нафар бемор суҳбат ва муоинаи ройгон гузаронида шуд.

Ба тариқи расонаҳо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ аксияи “Пешгирӣ гарави саломатист: худро барои гепатитҳои вирусии В ва С санҷед” эълон намуда, аҳолии ҷумҳуриро барои супоридани таҳлилҳои ройгон даъват намуданд. Ҳамагӣ дар Марказ ба 250 нафар муроҷиаткунанда хизматрасонӣ карда шуд, ки аз онҳо дар 14 нафар сироятёфтаи гепатити В ва 3 нафар дорои гепатити С муайян карда шуд. Инчунин аз тарафи Марказ варақаҳои ахборотӣ (брошюра) оиди гепатитҳои вирусӣ ба сурати ранга таҳия, чоп ва дар байни аҳолӣ тақсим карда шуд.

 

Директори МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,
д.и.т. Азимзода С.М.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked with *