ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Озмоишгоҳи морфологии МД “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (собиқ “Институти гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон”) соли 1962 ташкил ёфт ва роҳбари озмоишгоҳ номзади илми тиб С.Н. Кутчак таъин гардид. Вазифаи асосии он замон, ин ҷори намудани биопсияи ҷигар буд. Соли 1963 академик Мансуров Х.Х. бо ҳамроҳии Кутчак С.Н. монографияи “Биопсия печени” аз чоп бароварданд, ки ин китоби асосии гепатологҳои собиқ  Иттиҳоди Шуравӣ буд.

Соли 1966 мудири озмоишгоҳи морфологӣ, номзади илми тиб Шелепин А.С. таъин шуд ва ғайр аз биопсияи ҷигар, боз усулҳои нави биопсияи меъда ва рӯдаи рост ворид гардид. Солҳои 1971-1972 номзади илми тиб Эйцен Э.Ф. ба уҳда дошт.

Аз соли 1972 то 1995 вазифаи мудири озмоишгоҳ номзади илми тиб Мироҷов Ғ.Қ. таъин гардид. Таҳти роҳбарии Мироҷов Ғ.Қ. озмоишгоҳҳои гистохимия, микроскопияи люминистентию электронӣ ворид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз моҳи ноябри соли 1972 Мироҷов Ғ.Қ. ҳамчун муовини директори Институти гастроэнтерология оид ба илм таъин шуд. Аз тарафи Ғ.Қ.Мироҷов намуди махсуси фибрози машруботӣ,  бо номи гиалинии марказии склероз, ки метавонад сабаби намуди шидатноки сиррози ҷигар гардад, ҷудо карда шуд.

Доир ба проблемаи осеббинии вирусии ҷигар аз тарафи Ғ.Қ.Мироҷов тадқиқоти муҳим гузаронида шуд. Нахустин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ў усулҳои ошкорнамоии маркерҳои вирусҳои гепатити В, Д ва С дар бофтаи ҷигар таҳия намуд. Муқаррар намуд, ки  дар  гепатотситҳои «матовостекловидӣ» НВSAg  мавҷуд аст, ҷой доштани ин антигенро метавон бо ёрии усулҳои махсуси гистохимиявӣ ва иммунногистохимиявӣ  исбот намуд.  Ғ.Қ.Мироҷов дар як вақт нишон дод, ки ядрои «регӣ» -и дар нуктаҳои ҷигар ошкоршуда аз ҷой доштани вируси Д, ё С дарак медиҳанд, дифференсатсияи онҳо бошад бо усулҳои иммунногистохимиявӣ амалӣ мегардад.

Академик, доктори илмҳои тиб, профессор Мироҷов Ғ.Қ.

Нахустин маротиба Ғ.Қ.Мироҷов хусусиятҳои клиникӣ-морфологии гепатити музмини Д-этиологияи вирусиро ҷудо намуд. Ў нишон дод, ки гепатитҳои машруботӣ ва сирроз бо хусусиятҳои клиникӣ-биохимиявӣ ва морфологӣ аз гепатитҳои вирусӣ ва сиррози ҷигар фарқ мекунанд.

Ин натиҷаҳои илмӣ дар диссертатсияи докторӣ, ки соли 1981 доир ба мавзўи «Морфологияи муқоисавӣ ва морфогенези машруботӣ ва осеббинии вирусии ҷигар» дар Шўрои махсусгардонидашудаи Донишкадаи №1 тибби Москва ба номи И.М Сеченов  ҳимоя гардид, сабт гардидаанд.

Аз соли 2000 то инҷониб вазифаи мудири озмоишгоҳ Одинаев Р.И. ба уҳда дорад.

Мудири озмоишгоҳ, н.и.т., корманди калони илмӣ Одинаев Р.И.

 Одинаев Роҳатилло Исматиллоевич, ходими калони илмӣ, номзади илми тибб, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1994 инҷониб дар МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамояд. Фаъолияташро аз вазифаи ходими хурди илмӣ оғоз намуда, айни ҳол дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла мудири озмоишгоҳ, котиби илмии пажуҳишгоҳ фаъолият намуда истодааст. Дар соли 1998 рисолаи номзадиро дар мавзўъи «Эффективность минеральной воды «Шаамбары» в лечении и профилактике рецидивов язвенной болезни желудка и двенадцатиперстной кишки» ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаву фишурда, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи Россия ва Тоҷикистон ба чоп расидааст, инчунин яке аз муаллифони стандартҳои клиникӣ оиди бемориҳои узвҳои ҳозима мебошад.

Камолова Нигина Тоҳировна, номзади илми тиб, корманди илм, табиби гастроэнтеролог дорои дараҷаи олӣ. Аз соли 2006 то инҷониб аз вазифаи ходими хурди илмӣ оғоз намуда, баъд ба ҳайси корманди  илмии озмоишгоҳи морфологӣ ва табиби гастроэнтерологи шӯъбаи №1 муолиҷавӣ фаъолият менамояд. Соли 2016 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Хусусияти клиники – вирусологии, иммунологӣ ва морфологӣ ҷараёни музмини паҳновар вайроншавии ҷигар бо сабабҳои вируси омехта (HBV+HDV, HBV+HCV, HBV+HCV+HDV)» дифоъ намудаст.

Мутахассиси озмоишгоҳи морфологӣ, корманди илмӣ Мухшулова Ҷамила дар Давлати Исломии Ирон (мўҳлати 2 моҳ) усулҳои нави морфологӣ (бемориҳои ҷигар ва гурда) омухт. Сафари коромўзие, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли 2017 дар яке аз шаҳрҳои Эрони бостонӣ шаҳри Шероз сурат гирифт, таассуроти хуби илмию амалӣ дошт. Мухшулова Ҷ. дар ин сафар пеш аз ҳама таҷрибаи кории худро мукаммал намуд ва бо усулҳои гуногуни замонавие, ки тавассути техника ва технологияи нав иҷро мегарданд, ошно шуд. Рўзҳои аввали коромўзӣ дар шаҳри Шероз бемористони «Намозӣ» Донишкадаи Улумпизишкӣ бо номзади калони илми тиб, мутахассиси бахши потологию морфологӣ устод Гиромизода ташхисҳо мегузарониданд. Ин устод, ки бо олимону табибони Амрико ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ дорад, таҷрибаҳои зиёде аз илми тиб бо воситаи техника ва технологияи нав ва ташхис бо воситаи он хеле хуб омўзонд.

Корманди илмии озмоишгоҳ Мухшулова Ҷ.

Ҳоло дар озмоишгоҳи морфологии МД «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маводҳои пас аз ҷарроҳӣ ва нештарзании (биопсияи) ташхисӣ аз шўъбаҳои пажўҳишгоҳ ташхис гузаронида мешаванд, ва  усулҳои тахшиси ситологӣ, молишакҳои пардаи луобии даҳон ва меъда барои муаян намудани H.рylori, навъи рангдиҳи бо Грамм истифода мебаранд.

Лаборанти калони озмоишгоҳ Акрамова З.

Усули тести нафасӣ

1. Хеликкомпрессор бо найчаи индикаторӣ

2. Асбоби рақами барои ташхиси Helicobacter Pylori

Бо иқдоми  Пажӯҳишгоҳ  дар соли 2016 ташхиси  Helicobacter Pylori  бо «усули тести нафасӣ» дар як  қатор шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд.  Дар давоми сол дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Вахш, ш.Кўлоб ва н.Панҷ паҳншавии H.рylori бо усули тести нафасӣ омўхтанд.

Акрамова Сурайё Ибрагимовна, табиб-гастроэнтеролог. Аз соли 2014 то инҷониб дар МД «Пажӯҳишгоҳи Гастроэнтерология»-и ВТ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Фаъолияти худро аз вазифаи табиби озмоишгари «тести нафасӣ» (барои муайян намудани фаъолияти уреазии  Helicobacter pylori) оғоз намуд. Соли 2014 дар ташкилоти «Медицина и Аналитики»-и шаҳри Санкт-Петербург курсҳои озмоишӣ бо тест-системаҳои усули нафасӣ гузаштааст. Соли 2017 дар муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давраи таҳсили ихтисосгирии аввалияро аз руи ихтисоси «гастроэнтеролог» гузаштааст.

Акрамова Сурайё Ибрагимовна табиби озмоишгари усули «тести нафасӣ»

Кормандони озмоишгоҳ омодаанд, ки ба гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасқиккунандаи гурӯхи имтиёзнок (варақаҳои маъюбӣ, камбизоатӣ, иштирокҷии ҶБВ, иштирокчии Чернобил ва ғайра) хизматрасонии ройгон гузаронанд.